Formula july 2024
Соҳибкор бо пули ҳаҷи хонаводаашон об кашид
1296

Соҳибкори ватандӯст Шосаид Саъдуллоев аз ҷамоати деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан 550 ҳазор сомонӣ маблағи ба нияти сафари Ҳаҷ ҷамъовардаи аҳли оиларо ба кофтани чоҳи амудии оби нӯшокию полезӣ сарф намуд. Дар ин хусус раиси ҷамоати деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан Муродҷон Сангинов хабар дод.

Дар ҷамоати деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан барои истиқболи сазовори ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабинӣ барои ободонию созандагӣ таҳия гардида, то имрӯз зиёда аз 35 иншоот, аз қабили бунёди бинои маъмурии ҷамоати деҳот, шуъбачаи кормандони бахши бехатарӣ ва амният, муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, боғчаву кӯдакистон, иншооти хизматрасонию маишӣ, фарҳанг ва варзиш, мумфаршкунии роҳҳои калони нақлиётгарди байни деҳаҳо ва кофтану мавриди истифода қарор додани чоҳҳои амудӣ ҷиҳати бо оби хушсифати нӯшокӣ таъмин гардонидани аҳолӣ ва ба кор андохтани мазрааҳои бекорхобида ба субот расонида шуд.

Ҳамкории мустақими давлат бо бахши хусусӣ дар шаҳри Истаравшан натиҷаи амалишавии сиёсати ободгаронаи роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат шуморида мешавад.

Бояд гуфт, ки аз сабаби танқисии оби полезӣ сокинону саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии деҳаҳои Боғикалон ва Бодомзори ҷамоати деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан наметавонистанд даҳсолаҳо 40 гектар замини киштшавандаашонро пурсамар истифода карда, аз он ҳосили дилхоҳ рӯёнида, сатҳи зиндагию фароғаташонро беҳтар созанд. Барои амалисозии ниятҳои хеш бошад маблағи казоӣ намерасид. Ин мушкилии ҳамдеҳагонро дида, бародарони соҳибкор Улуғбек ва Шосаид Саъдуллоев, ки барои сафари Ҳаҷи аҳли оила чандин сол инҷониб маблағ ҷамъ меоварданд, азми кофтани чоҳи амудӣ барои баровардани оби полезиро намуданд.

Тавассути омӯзиши маҳал ва амалисозии Барномаи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” бародарони соҳибкор дар мавзеи Боғикалон бо харҷи 550 ҳазор сомонӣ ва истифодаи техникаву таҷҳизоти муосир чоҳи амудӣ кофта, имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин робита дар баландии заминҳои обёришаванда ҳавзи калони обнигоҳдорӣ ва тақсимкунанда бино намуда, соҳибкорон барои то сари мазрааҳои киштшаванда дастрас намудани оби полезӣ ба масофаи 920 метр облӯлаҳои қутраш 125 мм хобониданд ва ба ин восита 40 гектар замини бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ дароварданд.

Ҳоло аз умқи чоҳи амудӣ дар ҳар сония 30 литр оби мусаффо фаввора зада, то мазрааҳои ташналаб мерасад. Барои пешгирии талафёбии оби полезӣ бародарони соҳибкор ба андозаи 2,9 километри дигар облӯла харида, то заминҳо васлу насб намуданд.

“Дар ин баробар бо дастгирии масъулини Ҷамоати деҳоти Гули сурх масъалаи эҳтиёҷи бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани қариб 5000 аҳолии деҳаҳои Боғикалон ва Бодомзор то андозае ҳалли хешро пайдо кард”,- иброз дошт Муродҷон Сангинов.

Имрӯзҳо аҳолии аҳлу тифоқ ва соҳибкорони ватандӯсти 17 деҳаи ҷамоати деҳоти Гули сурх кӯшиш доранд, ки ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои муносиб истиқбол гиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД