formula
Соҳибкорон бояд маҳсулоти босифатро ба фурӯш бароранд
306

Дар Агентии Тоҷикстандарт бо мақсади ба танзим даровардани воридот, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ширӣ — яхмос бо иштироки роҳбарон ва намояндагони корхонаву коргоҳҳои истеҳсоли ин навъи маҳсулот, ки дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он фаъолият доранд, дар мавзуи «Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ — омили таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот» ҳамоиш доир гардид.

Зимни ҳамоиш дар бораи баланд бардоштани сифати маҳсулоти ширӣ — яхмос ва мушкилоти муҳими соҳа бо соҳибкорон суҳбати ошкоро доир шуда, оид ба риояи талаботи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, меъёри истифодаи ашёи хом ҳангоми истеҳсол ва ба муомилот баровардани яхмос, дарки масъулияти ватандорӣ ва ба мардум пешниҳод намудани маҳсулоти ғизоии босифату бехатар тавсия дода шуд, ки дар истеҳсолот асосан маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатари ватанӣ истифода карда шавад.

Мутахассисони соҳа тариқи рӯнамо оид ба истифодаи иловагиҳои кимиёвӣ дар маҳсулоти хӯрокворӣ, талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ», «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ», «Бехатарии борҷома» ва стандарти байнидавлатии ГОСТ 31457-2012 «Яхмоси ширӣ, қаймоқӣ ва пломбир» пешниҳодҳои муфид манзур карданд.

Ҳамзамон, масъулини шуъбаҳои дахлдор фикру мулоҳизоти худро ҷиҳати беҳтар намудани сифати яхмос, истифодаи босамари технологияҳои муосир, риояи ҳолати санитарӣ, истифодаи маҳсулоти хоми ба талабот ҷавобгӯ, тамғагузории маҳсулот тибқи талаботи регламенти техникӣ ва дигар камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои истеҳсол ва ба фурӯш баровардани яхмос изҳори назар намуданд.

Инчунин, байни соҳибкорон ва мутахассисон оид ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва истифодаи маҳсулоти хоми истеҳсоли ватанӣ табодули афкор доир шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД