35 years of independency
Пардохти 100 сомонӣ барои таксиҳои Душанбе бекор карда шуд
24.11.2026
Kamoliddin
89

Пардохти 100 сомонӣ барои таксиҳои Душанбе бекор карда шуд

Пардохти ҳаррӯзаи 100 сомонӣ ва низоми квотабандӣ барои ронандагони такси дар шаҳри Душанбе бекор карда мешавад. Ин қарор бо мақсади коҳиш додани хароҷоти ронандагон ва бартараф намудани маҳдудиятҳои маъмурӣ қабул шудааст.

Масъалаи мазкур 23 -уми ноябр дар ҷаласаи Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Ҷаласа таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ, раиси комиссия, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе баргузор шуд.

Тавре дар иттилоияи мақомоти шаҳрдорӣ омадааст, дар ҷаласа қарор қабул шудааст, ки пардохти 100 сомонӣ ва низоми квотабандӣ барои фаъолияти мусофиркашонӣ тавассути таксиҳо бекор карда шаванд.

Ҳамзамон, ба масъулон супориш дода шудааст, ки заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии татбиқи механизми навро омода созанд.

Тибқи нақша, аз 1-уми январи соли 2027 тартиби гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти мусофиркашонӣ тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Ин тағйирот барои коҳиш додани хароҷоти ронандагони таксӣ ва содатар намудани раванди расмикунонии фаъолияти онҳо пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД