Ҷасади як аскарбачаро аз канал ёфтанд
Рӯзи 20-уми ноябр ҷасади як аскарбачаро дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аз канал пайдо кардаанд.
Гуфта мешавад, ки Сангалӣ Раҳимови 20-сола дар қисми низомии 0307-и Нерӯҳои марзбонии Кумидати давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар Ҳамадонӣ хизмат мекардааст ва санаи 5-ноябр дар рӯзи ҷашни зодрӯзаш бедарак шудааст.
Ҷисми бе ҷони сарбозро 15 рӯз пас аз бедарак гаштанаш санаи 20-уми ноябр сарҳадбонон аз канали деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Ҳамадонӣ пайдо карда, ба наздиконаш супурдаанд.
Ҷанозаи аскарбачаи ноком дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб хонда шуда, ҷасадашро он ҷо ба хок супурданд. Сабаби ғарқшавии аскарбача маълум нест.