35 years of independency
«Сомон Эйр» дувумин Boeing 737 MAX-ро ба парки худ ворид кард
22.09.2026
Oila.tj
63

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дувумин ҳавопаймои Boeing 737 MAX-и худро ба парки ҳавопаймоӣ ворид намуд. Ҳавопаймо рӯзи 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо маросими тантанавӣ истиқбол гирифта шуд.

Ҳавопаймои нав ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик гузошта шудааст. Тибқи иттилои ширкат, Boeing 737 MAX барои интиқоли 174 мусофир пешбинӣ шудааст. Аз ин шумора 12 ҷой ба дараҷаи «Бизнес» ва 162 ҷой ба дараҷаи «Эконом» рост меояд. Ҳавопаймо бо таҷҳизот ва имкониятҳои муосири хизматрасонӣ муҷаҳҳаз буда, барои фароҳам овардани шароити бароҳат ва беҳтар намудани таҷрибаи мусофирон ҳангоми сафар пешбинӣ шудааст.

Ба парки «Сомон Эйр» ворид шудани ҳавопаймои дувуми Boeing 737 MAX аз идомаи навсозӣ ва рушди парки ҳавопаймоии ширкат шаҳодат медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД