Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз пагоҳ, 11-уми март парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе - Дубай - Душанбе дубора оғоз мекунад. Дар ин бора ширкат дар сомонаи расмии худ эълон кардааст.
Ба иттилои ширкат, парвозҳо рӯзҳои 11, 13 ва 15-уми март аз Душанбе ба фурудгоҳи Мактуми шаҳри Дубай ва баръакс анҷом дода мешаванд. Дар хабар гуфта мешавад, ки билетҳо аллакай ба фурӯш бароварда шудаанд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ хоҳишмандон метавонанд бо рақамҳои зерин тамос гиранд:
📞+992 44 640 40 49
📞+992 44 640 40 50
📱+992 93 7777 459 (WhatsApp)
Бино ба маълумоти сомонаи «Сомон Эйр», нархи билет аз Душанбе ба Дубай барои 11-уми март аз 1700 сомонӣ оғоз мешавад.
Қаблан ширкат дар пайи нооромиҳо дар Ховари Миёна ва маҳдудиятҳои фазои ҳавоӣ эълон карда буд, ки парвозҳоро дар масири Душанбе - Теҳрон то 31-уми март бозмедорад. Ҳамчунин пештар хабар дода шуда буд, ки парвозҳо дар хатсайри Душанбе - Дубай то 6-уми март муваққатан қатъ мегарданд.