Имрӯз, 9-уми майи соли 2025 мардуми шарифи Тоҷикистон дар қатори дигар халқу миллатҳои собиқ кишвари паҳновари шӯравӣ-СССР 80-умин солгарди Иди Ғалаба бар фашизми гитлериро ҷашн мегиранд. Ин ҷанги хонумонсӯз, ки аз соли 1941 то 1945 идома ёфта, ҷони зиёда аз 50 миллион сокинони сайёраро рабуд, яке аз ваҳшатноктарин фоҷиаҳо дар таърихи башарият ба шумор меравад.
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар иштирок карда, 92 ҳазор нафарашон дар майдони набард аз тири фашистон ҷон доданд. 56 ҳазор фарзандони бо ору номуси тоҷик барои ҷонбозӣ ва корнамоиҳои ҷангиашон бо ордену меделҳо сарфароз гардонида шуда, 54 нафар бо унвони баландтарин-Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Дар арафаи 80-солагии Иди Ғалаба бар фашизм сомонаи Oila. tj ба аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ, ки дар он солҳои душвор аскаронро бо нон, хӯрока ва сару либоси гарм таъмин намуда, саҳми худро дар ба даст овардани ғалаба бар фазишм гузоштаанд, рафт.
Аз ветеранҳои ҶБВ танҳо 17 нафар зинда мондаанд
Тавре ки Шарифҷон Орипов, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зимни сӯҳбат бо мо гуфт:
-Имрӯз аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон танҳо 17 нафар боқӣ мондаанд, ки синну соли аксарияташон аллакай ба 100-солагӣ расидааст. Ветеранҳои ҶБВ дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ умр ба сар мебаранд. Дар шаҳри Душанбе танҳо 2 иштирокчии ҶБВ зинда мондаанд, ки ҳарду дар ноҳияи Сино зиндагӣ мекунанд...
Бо роҳбаладии намояндаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Сино Ҷамилахон мо ба аёдати 2 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 4 нафар заҳматкашони ақибгоҳ рафта, бо дастгирии шабакаи савдои “Пайкар” ба онҳо маводи хӯрока аз қабили орд, равған, макарон, биринҷ, донагиҳо, маводи шустушӯӣ ва торту шириниҳо тақдим намудем.
Қаҳрамонҳои 100-сола
Яке аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мухтор Заргарови 102-сола мебошад, ки дар деҳаи Чоряккорон зиндагӣ мекунад. Ин пири барнодил аз ташрифи кормандони сомонаи Oila. tj ва ҳамроҳонамон шод гашта, нақл кард, дар синни 16-солагӣ ба таври ихтиёрӣ ба ҷанг рафтааст. Дар набард ба муқобили душмани бераҳм ранҷу азобҳои зиёде кашида бошад ҳам, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва талош баҳри озодии банни башар аз зулми фашистони гитлерӣ ба онҳо-аскарони Шӯравӣ нерӯ мебахшид.
Бобои Мухтор Заргарови 102- сола даст ба дуо бардошта, аз даргоҳи офаридгор талаби ободии Ватан ва пойдории сулҳу осудагии тамоми мардуми Тоҷикистонро намуд.
Ишқи 70-солаи бобои Бозор
Иштирокчиии дигари ҶБВ Бозор Нағзибеков дар маҳалли Гипроземи шаҳри Душанбе умр ба сар мебарад. Ин марди делеру шуҷоъ дар озод намудаи 22 шаҳр аз зулми фашистон саҳми арзанда гузоштааст. Синну соли бобои Бозор Нағзибек ба 99 расидааст ва агар худо насиб гардонад, соли оянда 100-солагиашро ҷашн мегирад.
Ин марди зиндадил аслан зодаи Бадахшони кӯҳӣ буда, баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ошиқи духтари зебое гаштааст. Ин ишқи поку самимӣ оилаи солимеро ба вуҷуд овард, ки 70 сол боз пойдор аст.
Вақте мо шӯхиомез аз бобои Бозор Нағзибеков пурсидем, ки чи тавр 70 сол ӯ ва ҳамсараш ҳамдигарро “тоқат” карда истодаанд, мӯйсафед бо табассум гуфт: “70 сол дар назари ман мисли як лаҳза гузашт, чунки занамро бо тамоми ҳастиам дӯст медорам!”
Дар ақибгоҳ барои ғалаба талош намудаанд
Кормандони сомонаи Oila.tj ҳамчунин ба аёдати 4 тан заҳматкашони ақибгоҳ-Солеҳа Раҷабоваи 99- сола, Ҷумъа Нормуродов ва Билол Сафарови 95 сола ва Маҳмудахон Баҳриддиноваи 96 сола рафта, онҳоро бо 80-солагии Иди Ғалаба табрику таҳният гуфтанд ва барояшон маводи озуқаворию торту шириниҳо тақдим намуданд. Ногуфта намонад, ки аз ҷониби Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати ноҳияи Синои пойтахт ба иштирокчиёни ҶБВ ва заҳмтакашони ақибгоҳ рӯйпӯшҳои гарм (одияло) тақдим карда шуд.
Дар фарҷом бори дигар иштирокчиёни ҶБВ, заҳматкашони ақибгоҳ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо 80-солагии Иди Ғалаба табрику муборакбод гуфта, умед бар он мебандем, ки корнамоиҳои фарзандони бо ору номуси тоҷик дар ин ҷанги хонумонсӯз барои насли имрӯз дарси ибрат гашта, ба қадри сулҳу ваҳдат ва оромию осудагии кишвар мерасанд ва тамоми ҳастии худро сарфи ободии Ватан менамоянд.
Ф. САТТОРӢ