Arzon march 2024
Сулаймон Сафаров: Мӯйи сари дароз суннат аст
1229

Салом. Ман мухлиси Сулаймон Сафаров ва ҳамсараш Нодира Мазитова ҳастам. Пештар ҳам аксу наворҳояшонро медидам. Акнун аҳаммият додам ,ки ӯ мӯйи дароз мондааст. Мехостам донам, ки Сулаймон имиҷашро иваз кардааст, ё шояд ягон филми нав гирифтанист?

Азиза Азимова, н. А. Ҷомӣ

Чун ба ин монанд саволҳои зиёд омаданд, мо ба Сулаймон Сафаров вохӯрда, чанде аз онҳоро ҳамроҳаш баррасӣ намудем. Дар посух ба ин пурсиш, ҳунарманд гуфт, пеш аз ҳама, мӯйи дароз суннат аст, зеро солҳои ҳаёти Пайғамбар ҳама мӯйи дароз доштанд. Аммо, асрори мӯйи сари ӯ дигар аст.

“Диловар Сафаров, блогер ва коргардони маъруф бароям пешниҳод кард, ки дар як филми таърихиаш бо номи “Сомониён” нақш офарам ва барои ин гузоштани мӯйи сари дарозу риши дароз ҳатмист. Албатта, чун мо санъаткорему пайваста ба бисёр ҷойҳо даъват мешавем, наметавонам риши баланд гузорам, вале дароз кардани мӯямро пазируфтам. Ҳоло бештар аз 7 моҳ боз онро қайчӣ назадааму акнун дарозтар шуданаш лозим аст”, - гуфт ҳунарманд.

Сулаймон Сафаров, ҳунарпеша, коргардон, блогер, модел, шоу-мен ва сароянда, 2 марти соли 1988 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, дар риштаи дипломатия таҳсил кард.

Сипас, ба хизмати ҳарбӣ рафт ва баъдан барои гирифтани маълумоти дуюм ба Русия. Он ҷо се сол таҳсил кард. Дар баробари хондан дар сериалҳои телевизионии русӣ нақш бозид. Дар охири соли сеюми таҳсил ба Тоҷикистон баргашта, оиладор шуд ва дигар ба Русия нарафт.

Сулаймон нақши аввалинашро дар клипи таронаи «Ҷудоӣ»-и Ҷонибек Муродов соли 2012 офарида буд. Ҳамзамон, дар нахустин филми тоҷикии коргардон Набиҷон Пирматов “Аз ман марав” нақш бозид. Охирон нақшҳои офаридааш “Ишқ, пул, Душанбе” ва сериали “Маска” буд, ки дар он ӯ ҳам коргардон асту ҳам офарандаи нақши асосӣ.

Аз идора: Сулаймон Сафаров меҳмони навбатии барномаи "Паси саҳна" буд. Суҳбати комили ӯро рӯзи шанбе (8-уми июли соли 2023), соати 20:00 дар ютюби "Оила" интизор бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД