Мақсад: Кумак ба иштирокчиён дар арзёбии хоббиашон ҳамчун имконияти соҳибкорӣ ва гузоштани қадамҳои аввал ба сӯи монетизатсия.
Супориши 1: Таҳлили хоббӣ
Дастур:
- Хоббии худро номбар кун (ё аз рӯйхати намунавӣ интихоб намо: пухтупаз, дизайн, варзиш, блогнависӣ, рассомӣ, бозӣ ва ғ.).
- Ба 3 савол ҷавоб деҳ:
- Чӣ дар ин хоббӣ бештар ба ту писанд аст?
- Дар ин самт ту аз дигарон чӣ гуна фарқ мекунӣ?
- Бо ин хоббӣ ба дигарон чӣ манфиат расонида метавонӣ?
Натиҷа: Дарк кардани қувваҳои асосӣ ва арзиши шахсии хоббӣ.
Супориши 2: Идеяи маҳсулот
Дастур:
- 1-2 маҳсулот ё хизматрасонӣ фикр намо, ки метавонад аз хоббии ту тавлид ёбад.
- Фикр кун, ки барои кӣ ин ҷолиб мешавад ва чаро одамон мехоҳанд онро харидорӣ кунанд.
Формат: Презентатсияи кӯтоҳ:
«Маҳсулоти ман - Аудиторияи ман - Хусусияти ман»
Супориши 3: Тест барои омодагӣ
Нишон деҳ, ки чӣ чиз аллакай дар дасти ту ҳаст:
- Хоббӣ.
- Намунаҳои аввалини кор.
- Одамоне, ки аллакай эътироф мекунанд.
- Идеяи тарғиб.
- Омодагӣ ба омӯзиши бизнес.
- Вақт ва захираҳо барои рушд.
Агар 4 ё бештар аз 4 нишона дорӣ - ту аллакай қариб соҳибкор ҳастӣ!
Аз китоби Шавкат Бозоров - «Анатомияи бизнес»
https://www.facebook.com/profile.php?id=61574708436821&rdid=Z54ay0UxV7vQ211n#