Марди ҷавон, ки тоза мошини бениҳоят гаронбаҳо харидорӣ карда буд, бо суръат ва ғурур дар кӯча ҳаракат мекард. Oвози мусиқӣ баланд буд ва аз он лаззат мебурд.
Ногаҳон садое шунид ва ҳис кард, ки чизе сахт ба дари мошинаш зад.
Мард дарҳол тормоз карду аз мошин фаромад ва дид, ки дари тарафи мусофир фурӯ рафта ва хатти чуқуре бардоштааст.
Атрофро нигоҳ кард ва писарбачаи лоғар ва тарсонеро дид, ки назди девор истода меларзид ва порчаи хиште дар дасташ аст.
Мард, ки сахт асабонӣ шуда буд, ба сӯи писар ҳамла бурд, гиребонашро гирифт, ба девор кубид ва фарёд зад:
- Аҳамақ! Чӣ кор кардӣ? Медонӣ, ки хароҷоти рост кардани ин хат чанд аст? Ту ва тамоми хонадонатро фурӯшанд ҳам, пули ин намешавад! Ҳозир мекушамат!
Писарбача дар ҳоле ки ашк мерехт ва дастонашро ба аломати таслим боло бурда буд, бо гиря ва илтиҷо гуфт:
- Ака… илтимос маро назанед… бубахшед… маҷбур шудам!
Ман вақти зиёд аст, ки дар ин ҷо истодаам, даст меҷунбонам, овоз медиҳам, аммо ҳеҷ кас намеистад… ҳеҷ кас тормоз намекунад… суръати ҳама баланд аст…
Ронанда бо хашм гуфт:
- Баъд чи? Ин сабаб мешавад, ки ту мошини одамонро вайрон кунӣ?
Писарбача бо ангушти ларзонаш ба буттаҳои канори ҷӯйбор ишора кард ва гуфт:
- Бародари калониам… ӯ фалаҷ аст.
Вақте аз роҳ мегузаштем, аробачаи маъюбияш чаппа шуд ва ӯ ба чуқурии канори роҳ афтид. Ӯ вазнин аст, ман қувваам намерасад, ки бардорам… ӯ захмӣ шудааст ва хун меояд… Санг партофтам, то шуморо водор кунам истед… илтимос, ёрӣ диҳед, бародарамро ба аробача гузорем… баъд ҳарчӣ хоҳед, занед маро…
Хашми мард дар гулӯяш дармонд. Дастонаш суст шуданд ва гиребони писарро раҳо кард.
Ба тарафи буттаҳо рафт ва дид, ки навҷавони фалаҷ бар замин афтода ва рӯяш хунолуд аст.
Мард бо ёрии писарбача бародари маъюбро бардошт, ба аробача шинонд ва бо рӯймолчаи гаронбаҳои худ хунро аз рӯяш пок кард.
Писарбача дасти мардро бӯсид ва гуфт:
- Ташаккур ака… Худо хайратон диҳад. Ҳозир агар хоҳед, милиса занг занед.
Мард сар ба поён андохт, ҳеҷ чиз нагуфт ва ором ба сӯи мошинаш баргашт.
Вай он чуқурии дар дари мошинашро ҳеҷ гоҳ таъмир накард.
Ӯ мехост он харобӣ ҳамеша пеши чашмаш бошад, то дарси бузургеро фаромӯш накунад:
- Дар зиндагӣ он қадар тез нарав, ки барои истодани ту маҷбур шаванд ба сӯи ту санг партоянд.
Худованд гоҳе бо мо ҳарф мезанад... аввал бо ишора, баъд бо воқеа, ва агар нашунавем, бо санг.
Мушкилоти ногаҳонии зиндагӣ, баъзан ҳамон “сангҳо”-янд, ки мехоҳанд моро водор ба истодан кунанд, то бубинем, ки киҳо дар канори роҳ афтодаанд ва ба ёрии мо ниёз доранд.
Ҳамин ҳоло суръати зиндагиятро кам кун.
Ба атрофат нигоҳ кун, шояд ҳамсар, фарзанд, ҳамсоя ё дӯстат «афтода» аст ва овозаш берун намебарояд, аммо ту он қадар ғарқи худ ҳастӣ, ки намебинӣ.
Аз баргаи “Аз ҳар зовия”