Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президент
дар Истаравшани бостонӣ
Дар Қасри фарҳанги Истаравшан ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуазиз Зуҳуров, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳо, намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, собиқадорони меҳнат ва дигар фаъолони шаҳр иштирок намуданд.
Қабл аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз гӯшаи намоишии асарҳои Пешвои миллат, ки фарогири дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар, инчунин фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд, дидан намуданд.
Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳр Абдусаттор Қодирӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки хизматҳои таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар басо арзишманд мебошанд.
Зикр гардид, ки тӯли 35 соли истиқлолият таҳти роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон марҳилаҳои муҳими таърихиро паси сар намуда, аз вартаи ҷангу буҳрон раҳо ёфт ва барои пешрафту шукуфоии мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Ҳамзамон, низоми муосири давлатдорӣ ташаккул ёфта, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатӣ эҳё ва таҳким бахшида шуданд.
Сипас, намояндаи МИҲД-и вилоят Абдуазиз Зуҳуров баромад намуда, паёми табрикии раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокдорон расонд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азимӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид, ки ба тантанаи идона ҳусни дигар зам намуд.
Абдуғаффор Шодиев