Тангаи тилоии испанӣ бо арзиши 100 эскудо, ки бори аввал соли 1609 бо фармони подшоҳ Филиппи III сикка зада шуда буд, дар як музоядаи аврупоӣ бо нархи 2,8 миллион франки швейтсарӣ (тақрибан 3,5 миллион доллар) фурӯхта шуд.
Ин гаронтарин тангаест, ки то имрӯз дар музоядаҳои Аврупо ба фурӯш рафтааст. Дар ин бора агентии Report бо истинод ба хадамоти матбуотии хонаи музоядаи Numismatica Genevensis SA (Женева) хабар медиҳад.
Вазни танга 339 грамм буда, он бузургтарин тангаи тилоие маҳсуб меёбад, ки аз ҷониби тоҷи Испания дар асри XVII сикка зада шудааст. Қайд мегардад, ки танга барои истифодаи ҳаррӯза пешбинӣ нашуда, балки рамзи қудрат ва сарвати салтанати Испания будааст.