Arzon march 2024
ТАВАЛЛУД КАРДАН РОҲИ ҲАЛИ БЕМОРИСТ?
3106

 

Миомаи бачадон аз бемориҳои амрози занона маҳсуб ёфта, қисме аз бонувони тоҷик аз ин беморӣ азият мекашанд. Аз суҳбат бо занон маълум аст, ки дар аксар ҳолат таваллуди фарзанд як роҳи табобати миомаи бачадон мебошад. Вале гинекологи Бемористони Ибни Сино Ситора Қодирова ин андешаро рад кард ва ба саволҳои баъдии мо чунин посух гуфт:

-Доктори гиромӣ! Пеш аз оне ки оиди сабабҳову нишонаҳои миомаи бачадон суҳбат кунем, мегуфтед, ки воқеан ҳам таваллуди фарзанд миомаи бачадонро табобат мекунад?

-Ҳама вақт чунин нест. Зеро ҳангоми ҳомиладорӣ ҳормони эстеродиол зиёд шавад, андозаи он хурд мешавад, ки муваққатӣ аст. Агар ҳаҷми миомаҳо бузург бошад, ҳомиладорӣ кумак намекунад. Дар ҳолате, ки зан климакс мешаваду дору тавсия медиҳед, аз таъсири он андозаи миома хурд мешавад ва дигар калон намешавад.

-Миомаи бачадон чӣ гуна беморӣ аст ва чӣ аломатҳо дорад?

-Миомаи бачадон омоси хушсифат буда, зиёдтар ҳангоми синни репродуктивӣ мушоҳида мешавад. Дар баъзе ҳолат миома умуман аломат надорад, танҳо баъд аз муоинаи ултрасадоӣ муайян карда мешавад, ки миомаи шаклаш бузург дар бачадон вуҷуд дорад. Аломатҳои беморӣ вобаста ба андоза, теъдоди гиреҳҳо ва ҷойгиршавии он мебошад. Ҳамчунин, ҳайзбинии бо дард ва хунравӣ аз як ҳафта зиёд, яъне аз ҳайзҳои маъмулӣ бештар хунравӣ мушоҳида мешавад. Тарашшуҳоти патологӣ аз маҳбал, дард дар коси хурд, миён ё пойҳо, вайроншавии фаъолияти узвҳои ҳамсоя, надоштани пешоб, яъне бо душворӣ пешоб кардан, қабзият аз нишонаҳои дигари беморӣ маҳсуб меёбад.

-Қайд кардед, ки яке аз аломатҳои миома теъдоди гиреҳҳои ҷойгиршавии он мебошад. Ин андешаи шумо чиро ифода мекунад?

-Аз рӯи ҷойгиршавиаш миомаи бачадон дар қабати интрамуралӣ, яъне дар дохили миометрия, дигар намудаш субмукози дар дохили эндометрия инкишоф меёбад. Субсерози дар қабати серозии бачадон ва ё берун аз бачадон, дар пайвандакҳо ё узвҳои ҳамсоя ҷойгир аст.

-Сабабҳои пайдоиши беморӣ кадом аст?

-Якчанд омилҳое вуҷуд дорад, ки барои ба вуҷуд омадани миома замина мегузорад. Ин ҳам исқоти зиёди ҳамл, вайроншавии ҳормонҳо, фарбеҳӣ, ирсият, буриши қайсарӣ ва фишорбаландӣ дар собиқаи зан мебошад.

-Раванди муоинаи беморӣ ва табобати он чӣ гуна сурат мегирад?

- Пеш аз ҳама гинеколог бо бемор машварат мегузаронад. Баъдан колпоскопия, ултрасадо (УЗИ) бо асбоби тарошидани бачадон, гистероскопия, лапароскопия, ҳамчунин томографияи компютерӣ ё томографияи магнити резонансӣ гузаронида мешавад. Ин усулҳои муоина барои муайян кардани андоза ва ҷойгиршавии миома кумак мерасонад. Муолиҷа бошад, аз намуди он вобастагӣ дорад. Масалан, агар миома бе аломат бошад ва андозааш бе тағйир бошад, ба табобат эхтиёҷ надорад, танҳо дар назорати духтур буданаш муҳим аст.

-Табобати консервативӣ бо кадом мақсад гузаронида мешавад. Оё имкон надорад, ки барои якбора аз беморӣ озод шудан табобати ҷарроҳӣ гузаронида шавад?

-Мақсади табобати доругӣ хурдшавии регрессияи гиреҳҳо ё бартарафкунии аломатҳои миомаи бачадон мебошад. Барои гузаронидани ҷарроҳӣ чанд омилҳое ҳаст, ки духтур ҳамаи онро ба назар гирифта, баъдан хулосаашро мебарорад. Масалан, ҷарроҳӣ вобаста ба синну сол, андоза ва ҷойгиршавии гиреҳҳои миоматозӣ сурат мегирад.

Суҳбаторо М. Давлат

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД