Ман ин номаро барои он менависам, ки ба дигар модарону духтарон дарси ибрат шаваду хеле ҳушёр бошанд.
Вақте мо дар қишлоқ зиндагӣ мекардем, як ҳамсоя доштем, ду писари калони зандору кӯдакдор дошт. Рӯзе худам танҳо дар назди хонаамон бозӣ доштам, он замон 6-сола будам. Писари калонии ҳамсоя, ки ба фикрам он замон 30-сола буд, маро фарёд карда, “биё, шакалод медиҳам” гуфт.
Модарам ба ман гуфта буд, ки агар ягон одами ношинос пул ё шакалод диҳад, онро нагиру аз наздаш гурез. Азбаски ҳамеша дар хонаи ин ҳамсоя бо духтараш бозӣ мекардам, пурсидам, ки “Муҳаё дар хона аст?”. Ҳамсоя маро дилпур кард, ки духтараш дар хона асту маро ҳамроҳаш бурд. Вақте ба пешайвони хонаашон даромадам, дидам, ки касе нест. Ҳамсоя хонаро торик карда, дарро пӯшиду маро бӯсидан гирифт. Бо вуҷуди хеле кӯчак будан ҳис кардам, ки нияташ бад асту дод гуфта, гурехтам аз чанголаш.
Солҳо гузаштанд, ҳоло соҳиби оилаву фарзандони солеҳ ҳастам, вале чеҳраи он нобакор ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад. Баъди чанде ҳамсояро барои кадом гуноҳаш ҳабс карданд, аммо ман аз тарс ба модарам чизе нагуфта будам.
Модарон, илтимос духтарчаҳоятонро харгиз аз чашми худ дур намонед, онҳоро ҳатто як лаҳза беназорат нагузоред.
Д.