Arzon march 2024
Таваллуди чоргоникҳо дар Хатлон
691

Субҳи дирӯз, 14 январ, соати 06:00, дар шуъбаи таваллуди Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар сокини ноҳияи Хуросон Миҷгона Асоева чоргоник таваллуд намуд. Дар ин бора сардухтури беморхонаи вилоятӣ Хушнуд Баҳодуров ба рӯзномаи "Хатлон" хабар додааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, ҳарчанд таваллуд душвор ва бо мудохилаи табибон сурат гирифта бошад ҳам, ҳолати навзодон хуб арзёбӣ карда мешавад. М. Асоева ду писару ду духтар таваллуд кардааст. Вазни кӯдакон низ мутобиқ ба ҳолати таваллуд буда, аз 1 кг 600 гр то 2 кг 100 гр мебошад.

“Ҳолати модари кӯдакон дар ҳолати вазнин бошад ҳам, дар ҳоли ҳозир рӯ ба беҳбудӣ омада истодааст”, - гуфт табиби беморхонаи мазкур Нодира Раззоқова.

Сартабиб Хушнуд Баҳодуров гуфтааст, ки табибону момодояҳои ботаҷрибаи беморхона барои нигоҳубини модару кӯдакон вобаста шуда, ҳар лаҳза аз ҳолати саломатии онҳо бохабар мешаванд.

Миҷгона Асоева, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Бандари Ҷамоати деҳоти “Қизилқалъа”-и ноҳия Хуросон буда, пеш аз ин як фарзанд низ таваллуд намуда буд. Падари чоргоникҳо муҳоҷири меҳнатӣ буда, айни ҳол дар Россия қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД