new banner new years
Тавба (ҚИСМИ 2)
01.10.2024
АРДАШЕР
2152

- Э боз чӣ гуфт... Дар пеш ду писар дорӣ гуфт. Ҳар ду писарам ҳам чилааш набаромада, фарзанддор мешавад. Ду духтарам рафтанду ҳомила шуданд. Ман ба ин зани каллаварам чанд бор гуфтам, ки духтари хоҳари маро гир. Агар мегирифт, ҳозир писараш соҳиби чор шерписар мешуд. "То реша дар об аст, умеди самаре ҳаст" будааст. "Об" бошад, ки "реша" бор орад. Вай "решаву об" кайҳо "хушк" шудаанд. Агар аз ин "решаву об" умед мебуд, кайҳо соҳиби фарзанд мешуд. Лекин аз як ҷиҳат рост мегӯяд. Акаам баъди 12 сол фарзанддор шуд-ку, охир.

Уҳҳҳ, ҳамин фарзанддор шудану нашудани акаамро ҳама пурсида, дилашро об мекарданд. Аз бисёр пурсак-пурсаки мардумро шунидана ман ҳам навхонадоронро "навгонӣ" мепурсидагӣ шуда мондам.

***

Гулбибӣ раҳораҳ мерафту ашкони шашқаторашро бо банди рӯймолаш пок мекард. Оби чашмонаш мисли чашма беист мерехт. Келину писарашро "нозойу бепушт" гуфтани Латофат мисли корд ба устухонаш расид. Қалбашро тика - тика кард. Ӯ дарун-дарун месӯхт. Бо Худо роз мегуфт, дуо мекард, ки ба фарзанди ягонааш аз хазинаи беминнати худ фарзанд ато кунад.

- Ба одамон чӣ шудааст, инқадар дилозор шудаанд. Чӣ кор кунам? Соҳиби фарзанд шудани фарзандонам дар дасти ман не ку. Ҷои нарафтааму кори накардаам намонд. Ҳардуяшон ҳам солиманд, чаро кӯдакдор намешаванд, намедонам. Фарзанддор нашуд гуфта, гул барин келинамро аз хона ронам? Писарамро хонавайрон кунам?,- бо алам аз худ мепурсид Гулбибӣ ва боз ба суоли худ посух медод:

- Не! Сабр мекунам. Бовар дорам, ки ин сабри ман меваи ширине меорад.

Гулбибӣ ба фикру андеша ғӯттавар шуда, чӣ тавр ба дари хонааш расиданашро надониста монд. "Ассалому алайкум, модарҷон" гуфта, ҳолпурсӣ кардани келинаш ӯро аз олами хаёл берун кард.

- Воалейкум бар салом. Хуб ҳастед келинҷон, бо корҳои хона хаста нашудед?,- пурсид хушдоман.

- Не модарҷон, ҳама хуб аст. Интизори шумо будам,- посух дод келинчак ва аз дасти хушдоманаш сумкаашро гирифт.

Хушдоману келин болои кат нишастанд. Маҳина даррав аз ҷой хесту чойи кабуди талх дам карда оварда монд.

- Раҳмат келин, барака ёбед. Писардор шавед!

- Илоҳо. Раҳмат холаҷон. Холаҷон, табъатон хира барин метобад. Дар маърака ягон гап шуд? Ё ягон кас шуморо ранҷонд?

- Э, не. Маро кӣ ҳам меранҷонад? Маърака хеле хуб гузашт, бо табъи хуш омада истода будам, Латофатқаланфурро мешиносед-а?,- ба келинаш рӯй оварда пурсид Гулбибӣ.

- Ҳа, ҳамон зани сахтгапро мегӯед? Чанд бор ба ман ҳам суханои ҳархела зад, вале аҳамият надодам. Ба наздикӣ дар як оилаи ҷавон аз пушти суханони ҳамон хола моҷаро хест. Келини нав ду моҳ шударо ин кӯдакдор намешавад гуфтаанд ба фикрам. Худи келинчак омада хонаи холаи Латофатро ба сараш бардошт. Ҳамон вақт келинчак ҳомила будааст. Ҳа, гуфтагӣ барин, он зан ба шумо дар бораи ман ягон чиз гуфт, ки табъатон хира шуд?

- Ҳа, мардумро медонед-ку. Савора бошед, ҳам гап мезананд, пиёда бошед ҳам. Дар бораи шумо ҳар чиҳо гуфт, духтари хоҳарашро келин накарда шуморо келин карданам ба ӯ алам кардааст. Э монед, одамо ҳар чӣ гуфтан мегиранд. Ҳа, гуфтагӣ барин, рӯзи дароз дар хона танҳо нишаста зиқ мондагистед. Модаратонро диданӣ рафтанӣ будед, нарафтед? Ҳозир либосҳоятонро пӯшеду равед. Онҳо ҳам кай духтарам меояд гуфта чашм ба роҳ мунтазири шумоянд.

- Рафтанӣ будам холаҷон, лекин акнун ҳоло ду-се ҳафта намеравам. Эҳтиёт мекунам,- табассуми малеҳе карду суханашро идома дод келинчак,- ҳа, минбаъд даҳони холаи Латофатқаланфур ҳам баста аст, дигар касе ба мо чизе гуфта наметавонад.

- Нафаҳмидам, кушоду равшан гап занед. Ба гапатон сарфаҳм нарафтам.

(Давом дорад)

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД