arzon replenishment
Тавба (ҚИСМИ 3)
02.10.2024
АРДАШЕР
2288

- Ман ба шумо хушхабаре дорам, ки аз шунидани он хабар абадан шоду хушҳол мегардед. Пӯскандаи гап ҳамин, ки холаҷон, шумо ниҳоят баъди солҳои тӯлонии интизорӣ бибӣ мешавед.

- Чӣ? Бибӣ мешавам? Келин, боз маро фиреб накарда истода бошед?,- аз шодии зиёд чиҳо гуфтанашро надониста монд Гулбибӣ. Гӯё ҳозир шодикаф мешуд.

- Эҳеее, холаҷон, наход ба ман бовар накунед!? Агар фиреб мекардам, ҳафт сол инҷониб фиреб мекардам. Ҳа хайр, ман ку фиреб карданам мумкин, аммо ба ин чӣ мегӯед?,- тестеро аз рӯймолчааш гирифта нишон дод Маҳина.

- Вай мурам,- тестро аз дасти келинаш гирифта ба чашмаш наздик кард Гулибибӣ. Ба лабонаш табассум давид, чеҳрааш гулгун шуд. Дар баданаш ҳам ваҷаррос мурғак дамид.

- Рост. Ба чашмонам бовар намекунам. Ниҳоят ман ҳам соҳиби набера мешавам,- хушҳолона иброз намуд кампир.

- Бале модарҷон, ниҳоят ман ҳам модар мешавам. Бовар кунед, ҳар касе, ки маро чизе гуфт, яъне нозой гуфт, бепушт гуфт, бахшидам, дар дил кина намегирам, охир дар батн кӯдак дорам,- якист табассум мекард келинчак.

***

Гулбибӣ акнун бо сари баланд ба ҳар каси "навгонӣ" пурсанда мегуфт, ки "келинам ҳомила аст". Ҳомилашавии келинаш забондарозии Гулбибӣ гашт.

Аз байн нуҳ моҳ сипарӣ шуд. Давраи ҳомилагии келинчак хеле хуб гузашт. Маҳина якбора соҳиби як не, ду не, се не, чор кӯдак шуд. Ӯ ду писару ду духтар таваллуд кард. Шодии Маҳинаву Гулбибиро ҳадду канор набуд. Ӯ ба ҳар каси пешорӯяш омада “келинам чоргоник таваллуд кард” гӯён, шодиёна медод ва меафзуд: "Гуфтам ку, сабр кардан талху душвор бошад ҳам, меваи ширин дорад".

Аз чоргоник таваллуд кардани Гулбибӣ ҳама дар ҳайрат афтода буданд. Охир дар ҳафт соли интизории фарзанд якбора соҳиби чор кӯдак шудан ба ҳар кас ҳам муяссар намешавад. Баъзе нафарони хушзавқу хуштабъ "Гулбибӣ, келинат якбора нақшаи ҳафтсолинаро пур кард" мегуфтанд шӯхиомез.

Ҳамин тавр, солҳо гузашт. Латофат ҳам ба нею нестони шавҳараш нигоҳ накарда, якбора ба ду писараш келин гирифт.

- Чашму дили одамон аз ҳасад сӯзад мегӯям,- гуфта баҳона пеш меовард ба ҳар гуфтаи шавҳараш Латофат.

Хуллас, Латофат ба ду писараш тӯйи дабдабаноке орост. Айнан гуфтагиаш барин чашму дили одамон аз ҳасад сӯхт. Аз байн се моҳ гузашт, ҳанӯз дар ҳар ду келин ҳам аз "навгонӣ" асаре набуд. Моҳҳои сипаришуда ба сол табдил ёфтанд ва ба солҳо сол зам мешуд. Ҳамин тавр аз байн чор сол гузашт, вале "ҳар ду писарам ҳам чилааш набаромада фарзанддор мешавад" гуфтани Латофат барин нашуд.

Чор сол ҳам шуввӣ карду гузашту рафт ва аз қафояш чор соли дигар гузашт. Ҳар ду писараш ҳам ҳашт сол интизор шуданд, ки кӯдакдор шаванд. Мисли Гулбибӣ дари нарафтаву одами надидаи Латофат ҳам намонд. Доруву дармон ҳам суде накард. Духтурон "онҳо солиманд, фақат вақт лозим" мегуфтанд ба суолҳои пайвастаи Латофат.

Ҳар нафаре, ки Латофатро медид, "ҳа Латофатҷон, ягон навгонӣ нашуд?" гуфта суол медоду ба захмаш намак мепошид. Таҳаммули ин суол чӣ қадар душвор буданашро баъди ба сараш фаромадан фаҳмид Латофат.

***

Латофат ташхисҳоро аз беморхона гирифта, хун мегирист, ки чаро як не, ду писараш ҳам ҳашт сол мешавад, ки соҳиби кӯдак намешаванд:

- Эҳ, савдои умр чӣ қадар душвор будааст. Акнун дарк кардам, ки "навгонӣ", яъне ҳомила шудан ё нашудани одамони бефарзандро пурсидан чӣ қадар ба одам сахт мерасидааст. Таҳаммули ин суол ниҳоят вазнин будааст. Инсон ин чизҳоро танҳо дар вақти ба сараш омадан дарк мекардааст. Эҳ, мани аҳмақ, ҳамаро мепурсидам, ки ҳомиладор шуд ё не? Шояд оҳи ягонтои онҳо гирифт, ки ду писарам ба нохуни кӯдак муҳтоҷанд. Тавба кардам, тавба, дигар дар ин бобат аз касе суол намекунам.

Ҳамин замон аз рӯ ба рӯяш Гулбибӣ баромад.

- Э, салом Гулбибиҷон, хуб ҳастед? Шуморо диданам хуб шуд.

- Салом ҳамсоя, раҳмат. Тинҷӣ аст?,- ҳайрон шуд Гулбибӣ.

- Ҳа, тинҷӣ. Гулбибиҷон, дар ёд доред, шуморо чанд сол пеш суханҳои пасту баланд гуфта, озор дода будам. Ҳатто... ҳатто фарзандатонро бепушту келинатонро нозой гуфтам. Ҳамсоя, маро бубахшед, ман он вақт ба моҳияти суханонам сарфаҳм нарафта будаам. Хатоямро фаҳмидам, ҳозир ҳамин савдо ба сари ман омад. Тавба кардам. Аз болои одамони бефарзанд механдидам, писханд мезадам. Эҳ, тавба кардам ҳамсоя, тавба...

Ҳамин замон аз сумкаи Латофат садои телефон баромад. Осемасар гирифту ҷавоб дод.

- Модарҷон, ба шумо хушхабар дорем!,- садо омад аз он тарафи телефон.

- Чӣ хушхабар, писарам?,- ҳайрон шуд Латофат.

- Маълум шуд, ки ҳар ду келинатон ҳам ҳомила шудаанд. Билохира баъди ҳашт сол мо падар мешавему шумо бибӣ.

Латофат аз хурсандӣ телефонро хомӯш накарда ба сумкааш гузошту Гулбибиро маҳкам оғӯш карда, ин хушхабарро расонду гуфт:

- Гулбибиҷон, шумо рост гуфта будед, "то реша дар об аст, умеди самаре ҳаст".

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД