goodwell
ТОБИСТОНИ ОХИРИНИ МАНУ ОЧААМ ҚИСМИ 1
89

 

Ман ҳаштсолаам. Номам Камолов Шӯҳрат аст. Ҳар гоҳе аз ман мепурсанд, ки кӯдакият чӣ гуна гузашт, намедонам аз куҷо сар кунам. Чӣ гуна ба касе фаҳмонам, ки кӯдакӣ барои баъзеҳо давраи бозӣ, ханда ва орзуҳои ширин аст, аммо барои ман кӯдакӣ дар як рӯзи тобистон ногаҳон ба анҷом расид?

То он рӯз ман ҳам мисли ҳамаи кӯдакон зиндагии одӣ доштам. Субҳ бо овози очаам бедор мешудам, дар паҳлӯи хоҳарчаам Эсмира бозӣ мекардам, бо дадаам телевизор тамошо менамудам ва фикр мекардам, ки ин зиндагӣ ҳамеша ҳамин тавр идома хоҳад ёфт. Ман намедонистам, ки баъзе рӯзҳо охирин бор такрор мешаванд: охирин субҳонаи якҷоя, охирин хандаи оча, охирин оғӯши хоҳарча ва охирин сафаре, ки мо онро бо умеди истироҳат оғоз карда будем.

Очаам Қурбонова Фарзона барои ман тамоми дунё буд. Ӯ омӯзгор буд ва дар баробари кору зиндагии рӯзмарра тамоми вуҷудашро ба фарзандонаш бахшида буд. Дадаам Камолов Ориф табиб аст. Ҳар ду бо меҳнати ҳалол зиндагии моро месохтанд ва орзу мекарданд, ки мо дар оянда одамони хушбахт шавем. Оилаамон калон набуд, вале меҳру муҳаббат дар хонаамон чунон зиёд буд, ки ман худро сарватмандтарин кӯдаки дунё ҳис мекардам. Очаам маро кӯдаки махсуси худ меномид. Баъзан маро ба оғӯш гирифта, бо забони русӣ мегуфт: «Ты наш особенный, милый, красивый Руслан». Ман шояд маънои тамоми калимаҳоро намефаҳмидам, вале гармии овозашро ҳис мекардам ва медонистам, ки дар дили ӯ барои ман ҷойи дигаре ҳаст.

Ман аз кӯдакӣ мушкилоти муайяни ҷисмонӣ доштам ва барои ҳамин орзуҳои очаам нисбат ба ман аз орзуҳои дигар модарон каме дигар буданд. Ӯ мехост роҳ рафтани худамро бинад, мехост бо дасти худам қошуқро гирифта, хӯрок хӯрданамро бинад ва мехост шабҳо бе дард ва бе ташвиш хоб равам. Ҳар қадами хурди ман барои ӯ як пирӯзӣ буд. Вақте ман ягон кореро худам анҷом медодам, чашмонаш аз хурсандӣ медурахшиданд. Ӯ ҳамеша мегуфт: «Руслан худаш роҳ меравад, худаш хӯрок мехӯрад, бачам як рӯз ҳама корро худаш мекунад». Ман он вақт намефаҳмидам, ки модар чӣ қадар бо умеди дидани ояндаи фарзандаш зиндагӣ мекунад. Имрӯз бошад, ҳар вақте ин суханонаш ба ёдам меоянд, дилам сахт дард мекунад, зеро ӯ натавонист он орзуҳоро бинад.

Он тобистон хонаамон пур аз ханда буд. Субҳ ҳама якҷо субҳона мекардем. Хоҳарчаам Эсмира, ки ҳамагӣ ду сол дошт, ба ман бо дастҳои майдааш хӯрок медод. Баъзан дастонашро ба табақ мезад, хӯрок мерехт ва очаам ба ӯ нигоҳ карда механдид. Баъд ба ман мегуфт: «Чӣ хоҳарчаи меҳрубону чаққон дорӣ, Руслани оча!» Дадаам бошад, чойи кабуд дам мекард. Мо дар гирди дастархон менишастем ва касе гумон намекард, ки яке аз чунин субҳҳо метавонад охирин субҳонаи оилавии мо бошад.

Телевизори калони хонаамон барои мо як ҷаҳон буд. Бегоҳиҳо ё баъзан ҳатто субҳгоҳон дар вақти таътил ҳама якҷо филмҳои тасвирӣ тамошо мекардем. Эсмира ба экран нигоҳ карда, бо ҳар чизе ки медид, механдид. Ман ҳам механдидем ва очаам аз дидани мо хушҳол мешуд. Мо ҳар ҳафта ба боғи ҳайвонот мерафтем. Ҳамеша ба ҳамон ҷойҳое мерафтем, ки барои мо аллакай шинос буданд, вале ҳар дафъа онҳоро гӯё бори аввал медидем. Дадаам мегуфт, ки Душанбе рӯз аз рӯз зеботар мешавад. Очаам ба кӯчаҳо, биноҳо ва боғҳо аҷоиб нигоҳ мекард ва мо ҳамроҳаш мерафтем. Ман он рӯзҳоро ҳоло ҳам ба ёд меорам, зеро имрӯз ҳар як гӯшаи Душанбе барои ман хотираи очаамро зинда мекунад.

17-уми июли соли 2024 буд. Нимаи рӯз гузашта буд ва мо қарор гирифтем, ки ба Хуҷанд равем. Ин аввалин сафари мо ба ин шаҳр набуд. Ҳар тобистон очаам аввал бо хоҳаронаш мерафт, чанд рӯз истироҳат мекард ва баъд дадаам ба назди мо меомад. Ин барои ӯ як одати хуби тобистона шуда буд. Ӯ мехост аввал бо хоҳаронаш вақт гузаронад, шаҳрро тамошо кунад ва баъд бо дадаам якҷоя истироҳат кунем. Он рӯз ҳам мо гумон доштем, ки сафари одии тобистона аст ва баъди чанд рӯз бо хотираҳои хуб ба Душанбе бармегардем.

Очаам мехост мошини баландтару бехатарро барои роҳ гирад. Вай ба хонаи модараш рафт, то мошини падарашро гирад, зеро роҳи кӯҳистон барояш каме нигаронкунанда буд. Аммо мошинро ба ӯ надоданд. Очаам бо дили гирифта ба хона баргашт. Дадаамро хоҳиш кард, ки мошини худашро ба онҳо диҳад. Дадаам очаамро хеле дӯст медошт ва хоҳиши ӯро рад намекард. Ҳарчанд мошини мо нисбатан пасттар буд, ӯ розӣ шуд. Мо либосҳоямонро ҷамъ кардем, чизҳои заруриро омода намудем ва ба сафар баромадем. Дадаам моро гусел кард. Ман он лаҳзаро имрӯз ҳам ба ёд меорам, вале он вақт ҳеҷ гумон намекардам, ки ин охирин бор аст, ки ӯ ба мо саломатӣ орзу карда, ба роҳ мебарорад.

Дар мошин ман, очаам, хоҳарчаам ва чанд нафар аз наздиконамон будем. Ҳама чиз мисли ҳар сафари дигар оғоз ёфт. Касе бо касе суҳбат мекард, касе ба роҳ менигарист ва мо бо фикри расидан ба Хуҷанд мерафтем. Ман дар дилам барои бозӣ, сайру гашт ва дидани ҷойҳои нав нақша мекашидам. Очаам низ ором буд. Вай қавиирода буд ва аз сафари роҳҳои дур наметарсид. Барои ӯ муҳим он буд, ки фарзандонаш ҳамроҳаш бошанд. Мо намедонистем, ки чанд соат баъд ҳаёти ҳамаи мо ба ду қисм ҷудо мешавад: то 17-уми июли соли 2024 ва баъд аз он.

Дар роҳи Айнӣ ҳама чиз якбора рӯй дод. Мошини калон ба мошини мо бархӯрд ва зарбаи сахт мошинамонро ба тарафи ҷарӣ тела дод...

(Давом дорад)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД