ТОБИСТОНИ ОХИРИНИ МАНУ ОЧААМ
ҚИСМИ 2
Дар роҳи Айнӣ ҳама чиз якбора рӯй дод. Мошини калон ба мошини мо бархӯрд ва зарбаи сахт мошинамонро ба тарафи ҷарӣ тела дод...
Ҳама чиз чунон зуд ба амал омад, ки барои тарсидан ҳам вақт намонд. Ман дар оғӯши холаам будам. Вай маро сахт ба оғӯш гирифта буд. Мошин ба поён ҳаракат мекард ва садои одамон, зарбаи мошин ва тарси ногаҳонӣ ҳама чизро фаро гирифта буд. Ман танҳо медонистам, ки чизи хеле бад шудааст. Дар ҳамон лаҳза очаам ба хоҳарчаам нигоҳ кард. Сайёра дар дохили мошин буд ва очаам барои наҷоти ӯ қароре гирифт, ки имрӯз ҳам вақте ба ёдам меояд, диламро пора мекунад. Ӯ кӯдаки дусолаашро аз тирезаи мошин берун партофт, то ҷони ӯ наҷот ёбад.
Мошин ба тарафи об рафт. Ман ва холаам ба сангҳо бархӯрдем, вале ба об наафтодем. Ман зинда мондам. Аммо очаам дигар ҳаракат намекард. Хоҳарчаам ҳам дар ҳамон фоҷиа ҷон дод. Баъзе аз наздиконамон дар дохили мошин ба об рафтанд ва дигар барнагаштанд. Ман он лаҳза шояд ҳанӯз ҳам намефаҳмидам, ки чӣ рӯй додааст. Ман кӯдак будам. Барои ман марг маънои онро дошт, ки он одам дигар назди ту нест. Аммо ман ҳанӯз умед доштам, ки очаам мехезад, маро ба оғӯш мегирад ва мегӯяд: «Натарс, бачам, ҳамааш хуб мешавад». Вале он ҷумла дигар ҳаргиз садо надод.
Баъдтар маро ба беморхона бурданд. Ман осеб дида будам, вале зинда мондам. Дар беморхона интизори дадаам будам. Вақте ӯ омад, гумон кардам, ки акнун ҳама чиз хуб мешавад. Аммо дадаам маро ба оғӯш гирифт ва сахт гирист. Он рӯз ман аввалин бор гиряи марди калонсолро аз наздик дидам. Дастонаш меларзиданд, чеҳрааш аз ғам дигар шуда буд. Ӯ маро чунон сахт ба оғӯш гирифт, ки гӯё метарсид маро ҳам аз даст диҳад. Ман чизе намегуфтам. Ӯ ҳам чизе намегуфт. Танҳо ҳар дуямон гиря мекардем. Ман он вақт шояд тамоми маънои фоҷиаро намефаҳмидам, вале аз гиряи дадаам фаҳмидам, ки дигар ҳеҷ чиз мисли пештара намешавад.
Очаамро бо хоҳарчаам ба хок супоридем. Барои ман он рӯз рӯзи сиёҳ буд. Ман ба хоки сард менигаристам ва намефаҳмидам, ки чӣ гуна одаме, ки дирӯз бо ту дар як дастархон нишаста буд, имрӯз зери ҳамин хок аст. Дадаам дастамро гирифт ва ба ман гуфт: «Бачам, очаат ва хоҳарчаат ҳамин ҷо хобанд». Ман ба қабр нигаристам ва аввалин саволе, ки ба дилам омад, ин буд: «Дада, очаам маро мешунавад?» Дадаам лаҳзае хомӯш монд ва баъд гуфт: «Агар бо очаат гап задан хоҳӣ, дуо кун. Дуо паёми дил аст. Ба онҳо бигӯ, ки Рустами онҳо паём фиристод». Аз ҳамон рӯз ман маънои дуоро дигар хел мефаҳмам. Ҳар боре, ки очаамро пазмон мешавам, ба қабраш рафта наметавонам, вале даст ба дуо мебардорам ва бо ӯ суҳбат мекунам.
Он шаб аввалин шаби бе очаам буд. Ман медонистам, ки ӯ дар хона нест, вале як қисми кӯдаконаи вуҷудам ҳанӯз интизор буд, ки саҳар дарро мекушояд ва маро аз хоб бедор мекунад. Ман медонистам, ки дигар хоҳарчаам ба назди ман намеояд, вале боз ҳам мунтазири садои пойҳои майдачааш будам. Хонаи мо ҳамон хона буд, телевизор ҳамон телевизор, ашёҳои очаам ҳамон ҷо буданд, аммо дар назари ман хона дигар хона набуд. Дар он ҷо чизе намерасид, ки онро бо ҳеҷ чиз пур кардан мумкин набуд. Очаам набуд. Хоҳарчаам набуд. Хандаи онҳо набуд.
Баъд аз беморхона ба хона баргаштем. Ман либосҳои очаамро дидам, атрашро дидам, шонаашро дидам. Баъзан дар хона бӯи атри ӯро ҳис мекардам ва беихтиёр ба он тараф менигаристаму гумон мекардам ӯ бояд аз он ҷо барояд. Дадаам мекӯшид дар назди ман қавӣ бошад. Вай намехост ман бинам, ки чӣ қадар аз дарун шикастааст. Аммо вақте танҳо мемондем, ҳар дуямон гиря мекардем. Баъзан дадаам чунон гиря мекард, ки ман намедонистам чӣ кор кунам. Ман ба оғӯшаш медаромадам ва мегуфтам: «Дадаҷон, гиря накунед». Аммо худам ҳам гиря мекардам. Ӯ маро сахт ба оғӯш мегирифт ва мегуфт: «Бачам, ту барои ман ҳастӣ». Ман ҳам медонистам, ки ӯ барои ман ягона такягоҳ аст.
Ман мисли дигар кӯдакон орзу доштам, ки моҳи сентябр ба мактаб равам. Очаам ин рӯзро бисёр интизор буд. Мо борҳо дар бораи либоси мактабӣ, дафтар ва рӯзи аввали дарс суҳбат карда будем. Аммо рӯзи аввалини мактабравиамро ӯ надид. Моҳи сентябр омад ва дадаам маро барои мактаб омода кард. Шаб либосҳоямро назди ҷойи хоб гузошт ва занги соатро барои саҳар монда гуфт, ки барвақт мехезем. Саҳар бошад, ба ман гуфт, ки очаам шаб ба хобаш даромадааст. Ӯ хоб дидааст, ки очаам ба ӯ гуфтааст: «Камол, хез, дер мешавад, бачамонро ба мактаб бар». Ман ин суханро шунида, муддате хомӯш мондам. Дар дилам ҳис кардам, ки шояд очаам воқеан аз ҷое моро мебинад, охир бисёр мехост рӯзи аввалини ба мактаб рафтани маро бубинад.
Ман либоси мактабӣ пӯшидам, гулдастаамро гирифтам ва бо дадаам ба мактаб рафтам. Аммо, он рӯз дар чеҳраи дадаам ҳам шодӣ буд ва ҳам ғам. Мо ин рӯзро дигар хел тасаввур мекардем. Ман фикр мекардам, ки очаам маро то мактаб ҳамроҳӣ мекунад, маро мебӯсад ва мегӯяд: «Хуб бихон, бачам». Аммо ӯ набуд.
Ман бо ҳавас ба кӯдакони дигар нигоҳ мекардам, ки бо падару модарашон меомаданд ва дилам сахт фишурда шуда, дар чашмонам беихтиёр қатраҳои ашк давр мезаданд. Меедонистам, ки дадаам тамоми кори аз дасташ меомадаро мекунад, аммо ҷойи модарро касе гирифта наметавонист...
ххххх
Баъд аз марги очаам зиндагии мо боз ҳам сахттар шуд. Миёни наздикон дар масъалаҳои вобаста ба хона ва мерос баҳсу мунозираҳо ба миён омаданд ва маҷбур шудем аз хонае, ки барои ман тамоми кӯдакиям буд, берун шавем.
Рӯзҳое буданд, ки намедонистем шабро дар куҷо гузаронем...
(Давом дорад)