ТОБИСТОНИ ОХИРИНИ МАНУ ОЧААМ
Рӯзҳое буданд, ки намедонистем шабро дар куҷо гузаронем, гоҳ ба хонаи хешовандон мерафтем, гоҳ дар иҷора зиндагӣ мекардем. Барои мани кӯдаки ҳаштсола ин ҳама чизро фаҳмидан душвор буд. Ман танҳо як чизро мефаҳмидам: хонае, ки дар он очаам буд, дигар дар ихтиёри мо набуд.
Дадаам барои ҳимояи ҳуқуқи ман борҳо ба мақомоти ггуногун муроҷиат кард. Баҳсҳо ва баррасии масъалаи хона муддати дароз идома карданд. Ӯ мегӯяд, ки аз касе чизеро гирифтан намехоҳад. Ӯ танҳо мехоҳад ҳуқуқи фарзандаш ҳифз шавад ва мо ба зиндагии осуда баргардем. Барои ман бошад, масъалаи хона танҳо масъалаи девор ва дару тиреза нест. Он хона барои ман як пораи зиндаи кӯдакиам аст. Дар он ҷо очаам субҳона омода мекард, дар он ҷо Сайёра механдид, дар он ҷо дадаам чойи кабуд дам мекард ва ман фикр мекардам, ки оилаи мо ҳамеша ҳамин тавр хушбахт мемонад.
Ду сол гузашт. Ман ҳоло ҳаштсолаам ва ҳис мекунам, ки дар ҳамин ду сол хеле калон шудаам. Дигар баъзе чизҳоро мисли пештара намебинам. Ман медонам, ки зиндагӣ метавонад дар як лаҳза дигар шавад. Ман медонам, ки инсон метавонад имрӯз бо ту хандад, вале фардо дигар набошад. Ман медонам, ки баъзе захмҳо дар бадан нестанд, онҳо дар диланд ва солҳои зиёд бо инсон зиндагӣ мекунанд.
Дадаам ҳанӯз ҳам барои ман қавӣ мемонад. Ӯ кӯшиш мекунад, ки ҳар хоҳиши маро иҷро кунад. Ҳар вақте ман чизе мехоҳам, аввал ба имконияташ нигоҳ мекунад ва баъд роҳе меёбад, ки маро хурсанд кунад. Ман медонам, ки ӯ ҳам очаамро сахт пазмон мешавад. Баъзан дар чашмонаш мебинам, ки ӯ ҳам мисли ман ба гузашта баргаштан мехоҳад. Вале ӯ худро нигоҳ медорад, зеро медонад, ки ман ба ӯ ниёз дорам. Ман ҳам кӯшиш мекунам қуввати ӯ бошам. Мо ду нафар мондаем ва ҳамдигарро нигоҳ медорем. Ӯ қуввати ман аст ва ман кӯшиш мекунам қуввати ӯ бошам.
Ҳар ҳафта гоҳе ба ҳамон ҷойҳое меравем, ки пештар бо очаам ва Сайёра мерафтем. Ба боғи ҳайвонот меравем, дар кӯчаҳое сайр мекунем, ки хотираҳои зиёде доранд. Ман баъзан ба дадаам мегӯям: «Дадаҷон, очаам ин ҷо ҳам омада буд, ёд доред?» Ӯ табассум мекунад, вале ман дар чашмонаш обро мебинам. Баъд дигар чизе намепурсам. Ман мефаҳмам, ки ӯ ҳам дар дил бо очаам суҳбат мекунад.
Ман ҳар тобистонро дар ёд дорам. Тобистоне, ки бо очаам ба оббозӣ мерафтем. Тобистоне, ки саҳарҳо бо бӯи атри ӯ бедор мешудам. Тобистоне, ки дадаам аввал чойи кабуд менӯшид. Тобистоне, ки Сайёра бо дастони майдааш маро оғӯш мекард. Тобистоне, ки мо дар телевизори калонамон филмҳои тасвирӣ тамошо мекардем. Тобистоне, ки ҳар саҳар нақшаи сайру гашти нав доштем. Тобистоне, ки мо гумон мекардем, фардо ҳатман меояд ва ҳама чиз идома хоҳад ёфт.
Аммо як тобистон омад, ки дигар тобистонҳои пешинаро аз ман гирифт. 17-уми июли соли 2024. Ман ҳеҷ гоҳ ин санаро фаромӯш намекунам. Он рӯз барои дигарон шояд танҳо як рӯзи тобистонӣ бошад. Барои ман он рӯзе аст, ки модарамро аз даст додам. Он рӯзе аст, ки хоҳарчаамро аз даст додам. Он рӯзе аст, ки оилаи хурди мо пора шуд. Он рӯзе аст, ки кӯдакии ман ба охир расид.
Имрӯз саҳар, вақте аз хоб бедор мешавам, баъзан чанд сония намедонам, ки дар куҷо ҳастам. Чашмонамро мекушоям ва интизори овози очаам мешавам. Мехоҳам аз ошхона садояшро шунавам, ки мегӯяд: «Рустам, бачам, хез, дер мешавад». Аммо хонаи мо хомӯш аст. Ман ба он хомӯшӣ гӯш медиҳам ва баъд ба худ мефаҳмонам, ки очаам дигар намеояд. Он гоҳ ба ӯ дар дилам мегӯям: «Очаҷон, ман калон шуда истодаам. Ман ҳоло худам хӯрок мехӯрам. Ман ба мактаб меравам. Ман роҳ меравам. Он чизҳое, ки ту орзу доштӣ, оҳиста-оҳиста амалӣ мешаванд. Фақат ту нестӣ, ки онҳоро бубинӣ». Баъд дилам мехоҳад гиря кунам, вале пеш аз гиря кардан ба дадаам нигоҳ мекунам. Ӯ ҳам ғамгин аст. Ман медонам, ки ӯ ҳам ҳамон чизеро мехоҳад, ки ман мехоҳам: ба хонаамон баргардем.
Ман дигар орзуҳои калон надорам. Орзуи ман имрӯз хеле одӣ аст. Ман мехоҳам бо дадаам ба хонаи худамон баргардам. Мехоҳам дар ҳамон хонае, ки як вақтҳо мо чор нафар зиндагӣ мекардем, боз ҳар саҳар бедор шавам. Медонам, ки агар рӯзе ба он хона баргардем, очаам дигар аз ошхона баромада намеояд ва Сайёра дигар бо қадамҳои майдааш ба назди ман намедавад. Медонам, ки ҳеҷ хонае наметавонад онҳоро баргардонад. Аммо, мехоҳам ақаллан деворҳои он хона маро шиносанд. Мехоҳам дар он ҷо истода, чашмонамро пӯшам ва барои як лаҳза садои очаамро дар хотир шунавам. Шояд ӯ гӯяд: «Рустами оча, хез...» Ва ман дар ҷавоб оромона мегӯям: «Хестам, очаҷон».
Ман ҳаштсолаам. Аммо, баъзан ҳис мекунам, ки кӯдакии ман ҳамон рӯзи 17-уми июли соли 2024 дар роҳҳои Айнӣ монд. Аз он рӯз ба баъд ман дигар он кӯдаки пешина нестам. Ман модарамро аз даст додам, хоҳарчаамро аз даст додам ва як ҷаҳонеро, ки дар он худро бехатар ҳис мекардам, аз даст додам. Аммо ҳанӯз як чиз дар дилам мондааст - умед.
Умед дорам, ки рӯзе адолат барқарор мешавад. Умед дорам, ки рӯзе ману дадаам боз соҳиби хонае мешавем, ки онро хонаи худ меномем. Ва умед дорам, ки очаам аз ҳар куҷое ки ҳаст, маро мебинад ва медонад, ки писараш кӯшиш мекунад қавӣ бошад.
Ман ҳар саҳар ба осмон нигоҳ мекунам. Баъзан гумон мекунам, ки шояд очаам ҳам ба ман нигоҳ дорад. Баъд даст ба дуо мебардорам ва мегӯям: «Очаҷон, ман туро фаромӯш накардаам. Сайёраро ҳам фаромӯш накардаам. Шумо ҳамеша дар дили ман ҳастед. Ман калон мешавам, мехонам ва ҳар чизеро, ки шумо барои ман орзу карда будед, иҷро мекунам. Фақат агар метавонистед як бор дигар маро ба оғӯш гиред...» Ва баъд ба хона бармегардам. Хонае, ки ҳоло хонаи мо нест. Аммо дар дили ман ҳанӯз ҳам ҳамон хонаи кӯҳна аст: телевизори калон, дастархони субҳона, чойи кабуди дадаам, хандаи Сайёра ва овози очаам.
Он тобистон барои ман охирин тобистон буд. Охирин тобистоне, ки очаам дар паҳлуям буд. Охирин тобистоне, ки ман ҳанӯз кӯдак будам...
Ситора ЮНУСОВА