goodwell
Тоҷикистон боҷи воридотии бензин ва газро бекор кард
17.11.2026
Оила
67

Тоҷикистон боҷи воридотии бензин ва газро бекор кард

Ҳукумати Тоҷикистон боҷи воридотии нафту маҳсулоти нафтиро то охири соли 2026 бекор кард. Ин тасмим дар ҳолест, ки тайи вақтҳои охир нархи газ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар кишвар боло рафтааст.

Қарори дахлдор таҳти рақами 744 аз 10 -уми ноябри соли 2026 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Раиси Ҳукумат, ба имзо расида, 13 -уми ноябр расонаӣ шудааст.

Бекор кардани боҷи воридотӣ метавонад хароҷоти воридкунандагони сӯзишвориро коҳиш диҳад. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин иқдом то чӣ андоза ба нархи чаканаи бензин, газ ва солярка таъсир мерасонад ва оё арзиши онҳо дар нуқтаҳои фурӯш поён хоҳад рафт ё на.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД