Утеря
ТОЛЕЪНОМА 18-УМИ НОЯБРИ 2026
1039

[ҲАМАЛ

Имрӯз дар зиндагӣ бо баъзе мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавед, ки ҳалли онҳо осон нест. Дар муносибат бо дигарон шитоб накунед. Ба наздикону дӯстони худ меҳрубонӣ зоҳир кунед, онҳо низ ба шумо некӣ хоҳанд кард. Касе аз шумо маслиҳат мепурсад. Агар соҳибкор бошед, имрӯз сармоягузорӣ накунед. Беҳтараш ба нақшаи корҳои оянда машғул шавед. Машқи ҷисмонӣ низ ба саломатӣ ва зебоии баданатон фоида меорад.

САВР

Имрӯз шояд хоҳиши ба кори саросемавор даст задан пайдо шавад, аммо пеш аз ҳар қарор хуб андеша кунед. Наздиконатон аз хатогиҳо шуморо бозмедоранд. Дар муносибат бо аҳли оила сабру таҳаммул нишон диҳед. Дар ҷои кор бо қатъият аз дигарон фарқ мекунед. Барои ба даст овардани натиҷаи хуб бештар кӯшиш кардан лозим меояд. Ҳамзамон, барои истироҳат вақт ҷудо кунед ва худро бо чизҳои писандида шод созед.

ҶАВЗО

Имрӯз меҳру муҳаббати худро пинҳон накунед. Бо шахси дӯстдоштаатон вақти бештар гузаронед. Ҳатто лаҳзаҳои хурди хушу гуворо муносибатҳои оилавиро мустаҳкам мекунанд. Бегоҳ шояд ба кори наве шавқ пайдо кунед, ки дар оянда даромади иловагӣ меорад. Дар тиҷорат бо сабру таҳаммул ва андешаи дуруст монеаҳоро паси сар мекунед. Нагузоред, ки рафтори дигарон табъатонро хира созад. Аз асабонияту ташвишҳои беҳуда дурӣ ҷӯед.

САРАТОН

Агар ҳанӯз ҳамсафари зиндагии худро наёфта бошед, имрӯз имкони шиносоӣ бо шахси муносиб вуҷуд дорад. Ба наздикӣ метавонед вақти бештарро бо аҳли оила гузаронед. Муҳити гарму самимии хона ба шумо неру мебахшад. Имрӯз барои шиносоӣ бо одамони нав ва ҳалли масъалаҳо дар идораҳои давлатӣ низ рӯзи муносиб аст. Дар муносибат бо шарикон аз худхоҳӣ худдорӣ кунед. Агар нияти парҳез кардан дошта бошед, беҳтараш чанд рӯз сабр намоед.

АСАД

Имрӯз дар масъалаҳои ишқу муҳаббат имкониятҳои хуб пеш меоянд. Агар ҳанӯз шахси дӯстдошта надошта бошед, шояд ба зудӣ бо касе шинос шавед. Аммо дар муносибат бо хешовандон ва ҳамкорон нофаҳмиҳо имкон доранд. Аз суҳбатҳои баҳсбарангез худдорӣ кунед. Эҳтиёт бошед, касе метавонад шуморо ба манфиати худ истифода барад. Имрӯз барои харидҳои калон низ рӯзи муносиб аст. Шояд каме худро бад ҳис кунед, аммо ин ба иҷрои корҳоятон халал намерасонад.

СУНБУЛА

Имрӯз бо шахси дӯстдоштаатон вақти бештар гузаронед. Ин ба ҳар дуи шумо рӯҳияи хуб мебахшад. Ҳамчунин бо одамоне вохӯрда метавонед, ки дар паҳлӯяшон худро роҳат ҳис мекунед. Аммо бастани шартномаҳо, харидҳои калон ва корҳои масъулиятнокро беҳтараш ба вақти дигар гузоред. Дар тиҷорат ва бастани шартномаҳои нав имкониятҳои хуб пайдо мешаванд. Имрӯз фикрҳои тоза ба саратон меоянд. Аз ташвишҳои беҳуда дурӣ ҷӯед ва оромиро нигоҳ доред.

МИЗОН

Агар шахси дӯстдоштаатон бо рафтори нохуш шуморо ранҷонад, ба ин тоқат накунед. Беҳтараш аз чунин муносибати носолим даст кашед. Агар оиладор бошед, аз рафтан ба маҳфилҳои серодам худдорӣ кунед, то бо ҳамсаратон нофаҳмӣ нашавад. Дар ҷои кор шояд ба ҳамкоронатон ёрӣ расонед ва баъзе вазифаҳои онҳоро низ иҷро кунед. Ҳангоми харҷ кардани пул эҳтиёткор бошед. То бегоҳ хастагӣ метавонад шуморо асабонӣ кунад. Кӯшиш кунед, ки ором бошед.

АҚРАБ

Имрӯз беҳтараш бо шахси дӯстдоштаатон дар ҷои орому хилват вақт гузаронед. Агар оиладор бошед, корҳои рӯзгорро фаромӯш накунед. Имрӯз бештар ба кору вазифаҳои худ машғул мешавед ва барои пешрафти касбӣ талош мекунед. Аммо барои муваффақият саломатӣ ва оромии оиларо қурбон накунед. Ҳангоми харид сарфакор бошед. Имрӯз ба ҳисси ботинии худ такя накунед. Бегоҳ корҳои ояндаатонро ба нақша гиред.

ҚАВС

Агар фаҳмидан хоҳед, ки шахси мавриди назаратон нисбат ба шумо чӣ эҳсос дорад, беҳтараш мустақиман аз ӯ пурсед. Имрӯз бо рафтори дуруст метавонед муҳаббат, барор ва фаровониро ба зиндагии худ ҷалб кунед. Дар касбу кор серкор мешавед, аммо ин ба беҳ шудани рӯҳияатон мусоидат мекунад. Вазъи молиятон дар ояндаи наздик беҳтар мешавад. Бо вуҷуди ин, барои пешрафт кӯшиш кунед. Аз ҳолатҳои асабоникунанда дурӣ ҷӯед ва оромиро нигоҳ доред.

ҶАДӢ
[17.11.2026 14:35] Нодира: Имрӯз барои шиносоӣ ва оғози муносибатҳои ошиқона рӯзи мусоид аст. Агар оиладор бошед, шояд масъалаҳои марбут ба фарзандон ва саломатии онҳо пеш оянд. Корҳои муҳимро беҳтараш аз субҳ оғоз кунед. Ҳангоми харид шитоб накунед, то маблағатонро барои чизҳои нолозим сарф насозед. Ба саломатии худ аҳамият диҳед ва аз кори зиёд худдорӣ кунед.

ДАЛВ

Имрӯз диққати атрофиёнро ба худ ҷалб мекунед. Дар муносибат бо аҳли оила суханони дурушт нагӯед. Ҳарчанд баъзе ҳолатҳо шуморо асабонӣ мекунанд, худро ба даст гиред. Дар кору суҳбатҳои расмӣ эҳтиёткор бошед. Шояд аз сармоягузориҳои пешина даромади ногаҳонӣ ба даст оред. Ба маслиҳатҳои хуби дигарон гӯш диҳед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ тарзи ҳаёти солимро риоя кунед.

ҲУТ

Имрӯз барои ошкор кардани розу эҳсосоти худ вақти муносиб нест. Ба бадхоҳон баҳонае барои ғайбат надиҳед. Корҳои рӯзгорро ба таъхир нагузоред. Аз корҳои хурд оғоз кунед ва тадриҷан ҳамаи мушкилотро ҳал намоед. Дар кор аз худписандӣ ва якравӣ худдорӣ кунед. Вазъи молиятон хуб аст ва ба зудӣ маблағи нав ба даст меоред. Барои рӯҳбаландӣ бо дӯстону наздикон суҳбат кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД