Ҳамал (21 март-19 апрел)
Рӯзҳои наздик эҳсосот шуморо пурра фаро мегиранд ва хотираҳои зебо ба вуҷуд меоранд. Оиладорон метавонанд бо фарзандон нофаҳмии кӯчак дошта бошанд, бинобар ин сабр ва хирад нишон диҳед. Дар кор нерӯманд ва фаъол мешавед, корҳои душворро ба осонӣ ҳал мекунед. Дар масъалаи молӣ баҳс эҳтимол дорад, ором бошед. Ғизои сабук интихоб кунед, то нерӯи ҷисм нигоҳ дошта шавад.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз эҳсосоти шумо пурқувват мегардад ва вақти ошкоро баён кардани он фаро мерасад. Агар асабонӣ шавед, хашмро ба дигарон равона накунед, беҳтараш ҳаракат кунед ё варзиш намоед. Рӯз барои суҳбат бо роҳбар дар бораи рухсатӣ мувофиқ аст. Дар бораи даромади ҳанӯз бадастнаомада ҳарф назанед. Ба ғизо диққат диҳед, махсусан агар меъдаатон ҳассос бошад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Ин рӯз барои шиносоӣ, мулоқотҳои ошиқона ва изҳори муҳаббат бисёр мусоид аст. Ба наздикон вақт ҷудо кунед, ҳатто туҳфаи хурд дилҳоро гарм мекунад. Бо вуҷуди ин, аз корҳои дастаҷамъӣ ва бастани шартномаҳои тиҷоратӣ худдорӣ намоед. Дар масъалаи пул муваффақ мешавед, агар ростқавл бошед. Саломатиро эҳтиёт кунед ва иммунитетро қавӣ созед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Дар муносибатҳои нав хаёлпарастӣ накунед, эҳтимол онҳо дер давом накунанд. Бо мулоимӣ ва меҳрубонӣ метавонед фазои гарм эҷод кунед. Аз баҳс ва суханҳои сахт бо наздикон дурӣ ҷӯед, зеро баҳси хурд метавонад ҷиддӣ шавад. Дар масъалаи молӣ эҳтиёт лозим аст, қарорҳои шитобкорона нагиред. Камхобӣ ба ҳолати рӯҳӣ ва намуди зоҳирӣ таъсир мекунад.
Асад (23 июл-22 август)
Шахси дӯстдошта метавонад шуморо бо як сюрпризи хуш шод гардонад. Мушкилоти куҳнаи муносибатҳои ошиқона дубора пайдо мешаванд, аз роҳҳои санҷида истифода баред. Рӯзро ба корҳои дермонда бахшед ва муҳити худро ба тартиб дароред. Пас аз нисфирӯзӣ хабари муҳим мерасад. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ кунед. Субҳ эҳтимоли сардард ҳаст, оромиро нигоҳ доред.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз имкони оғози муносибати нав ё эҳёи ишқи гузашта вуҷуд дорад. Асабҳои худро каме назорат кунед, то наздикон худро фишорзада ҳис накунанд. Шитоб лозим нест, корҳои ҷориро бодиққат анҷом диҳед. Барои соҳибкорон рӯзи мусоид мебошад. Аз фишори равонӣ дурӣ ҷӯед, зеро оромӣ калиди муваффақият хоҳад буд.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Барои нигоҳ доштани муносибатҳои хуб эҳсосотро идора кунед ва аз баҳсҳои молӣ канора гиред. Сухани мулоим метавонад вазъро беҳтар созад. Нақшаи дақиқ ба шумо кумак мекунад, то ҳамаи корҳоро сари вақт анҷом диҳед. Субҳ барои бастани созишҳо мусоид аст. Стресс метавонад ба саломатӣ таъсир расонад, истироҳат ва оромишро фаромӯш накунед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз эҳсоси дудилагӣ пайдо мешавад, аммо ба ҳисси ботинии худ эътимод кунед. Барои суҳбат бо наздикон вақт кофӣ аст, гарчанде хоҳиши танҳо мондан доред. Кӯшишҳои шумо дар кор қадр карда мешаванд. Аз оғоз кардани лоиҳаҳои нав худдорӣ кунед, корҳои нимаро ба анҷом расонед. Қувва кам мешавад, аз масъулиятҳои вазнин канора гиред.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Садои қалбатон имрӯз роҳнамои боэътимод мегардад. Агар хоҳиши мулоқот ё иҷрои коре надошта бошед, худро маҷбур накунед. Бо хешовандон баҳсро оғоз накунед. Эҳтимоли вайрон шудани техника вуҷуд дорад, ки нақшаҳоро тағйир медиҳад. Бо вуҷуди ин, фикрҳои нав пайдо мешаванд. Муҳити шод ва ханда барои саломатии шумо бисёр муҳим аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз эҳсосот метавонад боиси асабоният дар муносибатҳои ишқӣ гардад. Ба масъалаҳои хурд аҳамияти зиёд надиҳед. Дар кор эҳтимоли нофаҳмӣ бо ҳамкорон вуҷуд дорад, оромӣ ва ростқавлиро нигоҳ доред. Қобилияти идоракунии худ ба шумо кумак мекунад. Вақти муносиб барои танаффус гирифтан ва машғул шудан ба корҳои дӯстдошта фаро мерасад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Муҳаббат ногаҳон дар зиндагии шумо нақши асосӣ мебозад. Ба танқид роҳ надиҳед, хусусан дӯстдоштаи худро камбудияшро нагӯед. Эҳтимол аст, ки дар бораи иваз кардани ҷойи кор фикр кунед. Дар масъалаҳои молӣ хеле эҳтиёткор бошед, бе хондани дақиқ ҳуҷҷатҳоро имзо накунед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед: хоби кофӣ ва ғизои солим муҳиманд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Барои нафарони танҳо имкони оғози ишқи нав пайдо мешавад, ки метавонад дер ва хуш давом кунад. Бо наздикон ҳамдигарфаҳмӣ нишон диҳед, якравӣ сабаби низоъ мегардад. Дар қароргирӣ ҷасур бошед, фурсатҳоро аз даст надиҳед. Масъалаҳои пулиро бо одамони ношинос баррасӣ накунед. Нимаи дуюми рӯз барои хариди деринтизор хеле мувофиқ аст.