toyota motors
ТОЛЕЪНОМАИ 26-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2026
767

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз нерӯи рӯҳии шумо зиёд шуда, худро пурқувват ҳис мекунед. Муносибат бо шахси дӯстдоштаатон гармтару устувортар мегардад, ҳатто эҳтимоли пешниҳоди ҷиддӣ вуҷуд дорад. Шумо бо ҷасорат ва ташаббускорӣ фарқ мекунед ва метавонед вазъиятҳои душворро ба нафъи худ ҳал намоед. Рӯзи кориро пешакӣ тарҳрезӣ кунед, то аз шитобу стресс дур бошед. Дар охир вазъи молиявӣ беҳтар мегардад. Машқҳои дӯстдошта ба шумо нерӯ мебахшанд.

Савр (21 апрел-21 май)

Ранҷишҳои гузашта набояд имрӯзатонро вайрон кунанд. Ба ҳозира диққат диҳед ва бо шарики худ хотираҳои хуш эҷод намоед. Қарори яке аз наздикон метавонад шуморо нигарон кунад, вале саросема рад накунед. Дар рақобатҳо муваффақ мешавед. Вазъи молиявӣ метавонад ногаҳон беҳтар гардад. Барои сармоягузорӣ имкониятҳои ҷолиб пайдо мешаванд. Ба ғизои худ диққат диҳед, меваю сабзавот ва каме ширинӣ барои ҷисм муфид аст.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имкони оғози муносибати ошиқона дар ҷои кор вуҷуд дорад, ки эҳсосоти хуб меорад, аммо метавонад ба кор таъсир расонад. Фикри фароғати худро кунед, ҳатто метавонед ба истироҳат равед. Каме оромтар амал кунед ва аз шитобкорӣ дар кор худдорӣ намоед. Ба ҳисси дарунии худ гӯш диҳед, он шуморо ба роҳи дуруст мебарад. Аз варзишҳои вазнин худдорӣ кунед, беҳтараш ба машқҳои нафаскашӣ машғул шавед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз бо шахси ҷолиб шинос мешавед ва ин шиносоӣ метавонад ба муносибати ҷиддӣ табдил ёбад. Нимаи дуюми рӯз барои корҳои хона мувофиқ аст. Шояд касе шуморо озмоиш кунад, вале шумо аз уҳдааш мебароед. Барои ба даст овардани барор, ба майда-чӯйда аҳамият надиҳед. Харидҳо муфид хоҳанд буд, ғайр аз ҷавоҳирот. Ба саломатӣ, бахусус ба ҳолати ҷигар диққат диҳед, аз ғизои равғанӣ ва нӯшокиҳои зараровар худдорӣ намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Шиносоии нав ба шумо хушҳолӣ меорад, вале он ишқи ҳақиқӣ нест. Барои қабул кардани меҳмонон омода шавед, шоми гарму дӯстона дар пеш аст. Ҳадафҳоятонро равшан намоед. Агар касе бо шумо беинсофона рафтор кунад, беҳтараш аз баҳс дурӣ ҷӯед. Метавонед машқҳоро барои беҳтар кардани бадан оғоз кунед. Кайфият метавонад зуд-зуд тағйир ёбад, бинобар ин кӯшиш кунед оромиро нигоҳ доред.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯз барои мулоқотҳои ошиқона хеле мувофиқ аст. Шумо нерӯ ва рӯҳияи хуб доред. Ба хешовандон бештар аҳамият диҳед, дастгирии онҳо муҳим мешавад. Ростгӯӣ ва самимият беҳтарин роҳ аст. Бо саъю кӯшиш метавонед ба истиқлоли молиявӣ расед. Ҳама мушкилот гузарандаанд. Машқҳои оромбахш, йога, рақс ва варзиш ба шумо манфиат меоранд ва ҳолати рӯҳиятонро беҳтар месозанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар танҳо бошед, имрӯз барои пайдо кардани шахси мувофиқ имконияти хуб аст. Дар оила оромӣ ва субот ҳукмфармост. Бо корҳои оддӣ хуб сарукор доред, вале барои масъалаҳои душвор аз дигарон кумак пурсед. Нақшаҳои ҷолиб пайдо мешаванд, баъзеи онҳоро метавонед фавран амалӣ кунед. Ба саломатӣ диққат диҳед, аз хастагии зиёд худдорӣ намоед. Муошират бо дӯстони наздик ба шумо нерӯ мебахшад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Вақтҳои охир ба корҳои зиёд машғул будед ва ин ба ҳаёти шахсӣ таъсир расонд. Акнун вақти ислоҳи он расидааст. Муошират бо наздикон метавонад каме танишовар бошад, аз баҳсҳо дурӣ ҷӯед. Лоиҳаҳои оғозшуда натиҷаҳои хуб медиҳанд. Дар кор ихтилофҳо имконпазиранд, вале худро идора кунед. Барои оромии асабҳо кори зиёдатӣ накунед ва истироҳатро фаромӯш насозед. Табиат метавонад ба шумо нерӯи нав бахшад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ростқавлӣ дар муносибатҳо эътимодро мустаҳкам мекунад. Вақтро бо наздикон гузаронед, ҳатто як шоми оддӣ муҳим аст. Рӯзи кориро бодиққат тарҳрезӣ кунед. Роҳбар метавонад ба шумо вазифаи муҳим диҳад. Имрӯз ҷаззобият ва қобилияти расидан ба ҳадафҳоятон зиёд мешавад. Аммо дар молия эҳтиёт кунед, харидҳои калонро ба таъхир андозед. Машқҳои сабук ба шумо нерӯ ва рӯҳияи хуб мебахшанд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Беҳтараш масъалаҳои баҳсиро бо шахси дӯстдошта ҳал кунед. Хабаре метавонад шуморо асабонӣ кунад, вале вазъ он қадар бад нест. Эҳтиёт кунед, маълумоти нодуруст зиёд мешавад. Барои мулоқотҳои корӣ ва рушди малакаҳо рӯзи мусоид аст. Аз шиносҳоятон дастгирии моддӣ ё маънавӣ мегиред. Саломатӣ каме заиф мешавад, бинобар ин истироҳат кунед ва нерӯ ҷамъ намоед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Эҳсосоти ошиқона имрӯз дар ҷойи аввал қарор мегиранд. Муносибатҳои навро саросема ба марҳилаи ҷиддӣ набаред. Агар бо касе ранҷиш дошта бошед, вақти оштӣ расидааст. Рӯз барои банақшагирӣ ва гузоштани ҳадафҳо хеле хуб аст. Ба тақсими дурусти вақт аҳамият диҳед. Барои рафъи хастагӣ ҳаммом ва маҳс хеле муфиданд. Оромӣ ва мувозинатро нигоҳ доред.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Шояд фикр кунед, ки муносибати ошиқонаро қатъ кардан лозим аст, аммо ин қарори шитобкорона аст. Ба шахси дӯстдоштаатон таваҷҷуҳ зоҳир кунед, ҳатто бо як туҳфаи хурд. Қобилияти роҳбарии шумо дар кор лозим мешавад. Имрӯз метавонед роҳи ҳалли дурусти масъалаҳои душворро пайдо кунед. Тафаккур ва ҳисси даруниятон хеле фаъол мегардад. Нерӯи ҳаётиятон зиёд мешавад, аз ин фурсат самаранок истифода баред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД