“Донишнома”-и Абуалӣ ибни
Сино бо 3 забон чоп шуд
Яке аз асарҳои муҳими илмӣ ва фалсафии мутафаккири бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино “Донишнома” бо 3 забон: форсӣ-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шудааст.
Тавре ки ки масъулини Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик гуфтаанд, китоби “Донишнома”-и Ибни Сино, ки ба фалсафа, мантиқ, илоҳиёт ва табииёт бахшида шудааст, дар “Эр-Граф” бо теъдоди 1000 нусха чоп шуда, бо забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф гаштааст.
Арзиши китоб 310 сомонӣ буда, онро аз Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик дар шаҳри Душанбе, хиёбони Н. Қаробоев, 17 дастрас кардан мумкин аст.