goodwell
Гулчеҳра Содиқова 85-солагиашро дар Макка пешвоз мегирад!
31.10.2026
Сипеҳр
50

Гулчеҳра Содиқова 85-солагиашро дар Макка пешвоз мегирад!
 
Гулчеҳра Содиқова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва яке аз маъруфтарин фалаксароёни кишвар, дар остонаи 85-солагӣ ҳамроҳи писараш Муҳаммадвалӣ Орзуев ба зиёрати Маккаву Мадина рафтааст. Ҳамин тавр, яке аз чеҳраҳои мондагори санъати тоҷик синни мубораки 85-солагиро дар сарзамини муқаддас пешвоз мегирад.
 
Муҳаммадвалӣ Орзуев рӯзи 19-уми октябр дар саҳифаи худ аксеро ҳамроҳи модараш аз Масҷидулҳаром дар шаҳри Макка нашр кардааст. Дар бораи ҷузъиёти дигари ин сафар маълумоти бештар нашр нашудааст.
Ин сафар дар остонаи як санаи муҳим дар зиндагии ҳунарманд сурат гирифтааст. Гулчеҳра Содиқова 31 октябри соли 1941 ба дунё омада, 31 октябри имсол ба синни 85 мерасад. Ӯ аз зумраи ҳунармандонест, ки беш аз ним аср умри худро ба ҳифз ва муаррифии яке аз қадимтарин жанрҳои мусиқии тоҷик - фалак бахшидааст.
Роҳи ҳунарии Гулчеҳра Содиқова аз овони наврасӣ оғоз шуд. Ҳанӯз замони мактабхонӣ дар озмунҳои ҳунарӣ иштирок мекард ва соли 1957 дар озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти мардумӣ соҳиби мақом гардид. Баъдан дар театрҳои халқии ноҳияи Ленин, ҳоло Рӯдакӣ ва ноҳияи Москва, ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият карда, аз мактаби фалаксароёни бузург Одина Ҳошим, Ҳошим Қосим ва Бобохалил Одинаев сабақ гирифт.
Соли 1968 фаъолияти ӯ ба Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб пайваст. Маҳз дар ҳамин муҳити ҳунарӣ Гулчеҳра Содиқова ба яке аз садоҳои шинохтаи фалаки Кӯлоб табдил ёфт. Овози хос, шеваи табиии иҷро ва маҳорати дуторнавозии ӯ фалакро барои чанд насл аз дӯстдорони мусиқии мардумӣ ошно ва азиз гардонд.
Дар зиндагии хонаводагии ӯ низ ҳунар ҷойгоҳи махсус дорад. Гулчеҳра Содиқова ҳамроҳи ҳамсараш, ҳунарманд Достӣ Орзуев, соли 1979 ансамбли оилавии «Орзу»-ро таъсис дода буд. Фарзандони ин хонадон низ роҳи падару модарро идома дода, ба санъат пайвастанд.
Соли 2008 Гулчеҳра Содиқова барои силсилаи сурудҳои «Меҳри Ватан - Модар» ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардид. Ин яке аз баландтарин қадрдониҳои фаъолияти чандинсолаи ҳунарии ӯ буд.
Бо вуҷуди расидан ба остонаи 85-солагӣ, Гулчеҳра Содиқова аз саҳна дур нашудааст. Ҳанӯз фалак мехонад ва бо садои ошнои худ хотираи мактаби бузурги фалаксароии Кӯлобро зинда нигоҳ медорад.  
 
Сипеҳр

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД