Commerc banl
ТОЛЕЪНОМАИ 26-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2026
380

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз телефонатон ором намегирад: шахси дӯстдошта пай дар пай занг зада, ҳамсуҳбат шудан мехоҳад. Шомро бо аҳли хонадон гузаронед, пухтупази якҷоя муносибатҳоро гарм мекунад. Ҳамкорон омодаи дастгирӣ ҳастанд, аммо масъулияти худро ба дигарон вогузор накунед. Рӯз умуман бобарор аст, гарчанде нақшаҳо бо сабаби хабарҳои нав тағйир меёбанд. Барои истироҳат ва барқарор кардани нерӯ низ вақт ҷудо кунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Баъзеҳо эҳсоси танҳоӣ мекашанд. Кӯшиш намоед фикратонро ба корҳои судманд равона созед. Бо фарзандон нофаҳмиҳо имкон доранд, сабр кунед ва роҳҳои дурусти тарбияро омӯзед. Субҳ муошират бо ҳамкорон каме душвор мешавад. Аз хароҷоти хавфнок худдорӣ намоед. Имрӯз беҳтараш нерӯи худро барқарор карда, ба ғизои солим ва саломатӣ диққати ҷиддӣ диҳед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Агар рафтори шарик шуморо нороҳат кунад, эҳсосотатонро пинҳон надоред, вале оромона суҳбат кунед. Барои худ ҳадафҳои дастнорас нагузоред, аммо аз нақшаҳои асосӣ даст накашед. Пойфишорӣ шуморо ба пеш мебарад. Мушкилиҳои молӣ тадриҷан кам мешаванд. Барои рафъи хастагӣ истироҳат дар табиат ё машғулияти дӯстдошта муфид аст. Агар суръатро нигоҳ доред, аз дигарон пеш меравед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Рӯз барои барқарор кардани муносибатҳо ва шиносоии нав мусоид аст. Худро идора кунед, то баҳсҳо пеш наоянд. Тозакорӣ дар хона ё суҳбати самимӣ бо шахси дӯстдошта рӯҳияро беҳтар мекунад. Қувваатонро дуруст тақсим намоед, то корҳои оғозшударо ба анҷом расонед. Барои пайдо кардани манбаи нави даромад имконият ҳаст. Ба саломатӣ аҳамият дода, тарзи ҳаёти худро каме беҳтар созед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз оиладорон лаҳзаҳои хушро эҳсос мекунанд. Шомро оромона гузаронед, то аз муноқиша дур бошед. Нафаронеро, ки дар роҳи муваффақият ба шумо ёрӣ додаанд, фаромӯш накунед. Аз созишномаҳои шубҳанок ва хатарнок худдорӣ кунед. Ба саломатӣ диққат дода, витамин истеъмол намоед. Ҳушёрӣ ва эҳтиёт шуморо аз мушкилӣ эмин нигоҳ медорад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Муносибатҳои шахсӣ гармтар мешаванд ва барои оиладорон сюрпризҳои хуш дар назар аст. Имрӯз ба корҳои хона машғул шавед, тартибот дар хона рӯҳияатонро ором месозад. Агар монеаҳо пеш оянд, ноумед нашавед, онҳо муваққатиянд. Баъзе хароҷотҳо пеш меоянд, вале натиҷа қаноатбахш мешавад. Машқҳои сабук ва ғизои муътадил ба саломатии шумо фоида меоранд.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Агар муддати дароз истироҳат накарда бошед, сафар метавонад ба шумо рӯҳияи нав бахшад. Дур аз хона муносибатҳои ошиқона ранги тоза мегиранд. Тағйири ҷойи мебел ё навсозии хона низ нерӯи тоза мебахшад. Илҳоми эҷодӣ дар ҳалли масъалаҳо кумак мекунад. Пеш аз хароҷоти калон имкониятҳои молиро ҳисоб кунед. Саломатӣ хуб аст, танҳо ба шубҳаи зиёд роҳ надиҳед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз имкони бо дӯстдоштаи худ оштӣ шуданро доред. Бо наздикон нақшаҳои ояндаро муҳокима кунед. Корҳо нисбат ба одат душвортар менамоянд, вале устуворӣ натиҷа медиҳад. Барои хариди туҳфа ё таҷҳизоти техникӣ рӯзи муносиб аст. Аз ҷойҳои серодам канорагирӣ кунед, то ҳам саломатӣ ва ҳам рӯҳияатон осеб набинад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз эҳсос мекунед, ки шуморо дӯст медоранд. Шумо ҳам ба наздикон меҳр бахшед. Аз суханони дағал ва танқиди сахт худдорӣ намоед. Дар кор сарборӣ зиёд аст, вале бо масъулият онро паси сар мекунед. Бо сарфи маблағ эҳтиёткор бошед, хариди нолозим накунед ва қарз надиҳед. Барои саломатӣ ҷойҳои шубҳанокро интихоб накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Бо шарик якҷо мушкилотро ҳал карда, ба ҳамдигар наздиктар мешавед. Рӯз барои андеша, худтакмилдиҳӣ ва натиҷагирӣ мусоид аст. Меҳнати софдилона подош меорад, аммо иштибоҳҳои гузашта метавонанд хотиррасон шаванд. Имкони хариди калон ё сафаре, ки дер боз орзу доштед, пайдо мешавад. Саломатӣ хуб аст, танҳо худро аз ҳад зиёд хаста накунед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Дар муносибатҳои ошиқона ҳама чиз ба осонӣ пеш меравад. Муносибат бо ҳамсар хуб аст, вале аз ҳаваси ишқбозии нолозим худдорӣ кунед. Ба маслиҳати шахсони ботаҷриба гӯш диҳед. Меҳнати ҷисмонӣ барои шумо муфид аст. Имкони беҳтар шудани вазъи молӣ ва иҷтимоӣ вуҷуд дорад. Барои оғози парҳез ё машқҳои солимгардонӣ вақти муносиб фаро расидааст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Шояд нисбат ба як ҳамкор эҳсоси ҷаззобият пайдо кунед, аммо бо эҳтиёт ва боадабона рафтор намоед. Нимаи дуюми рӯзро ба хона ва наздикон бахшед. Пешрафти касбӣ каме суст мешавад, вале масъалаи манзил ҳал хоҳад шуд. Тамосҳоро маҳдуд кунед ва қарорҳои муҳимро ба вақти дер нагузоред. Ғизои равғанинро кам карда, ба саломатӣ диққат диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД