goodwell
Барби –блогери оқипадар қисми 6
203

Барби –блогери оқипадар

 Қисми 6

 Дар кӯча борони сахт меборид. Манзура зери борон бехудона қадам мезад. Ашки сӯзони чашмонашро ҳатто қатраҳои борон низ пинҳон карда наметавонистанд...

Баногоҳ як мошини сиёҳ дар паҳлӯяш истод. Дили Манзура якбора фурӯ рехт.
Шишаи мошин оҳиста поён фаромад. Ризо дар дохил нишаста буд.-

—Савор шав,-омирона фармуд ин марди худхоҳ.
Манзура ақиб рафт.
— Аз ман дур шав.
Ризо хандид.
— Ҳоло ҳам худро машхур нишон медиҳӣ?
— Ман дигар он Манзураи пешина нестам.
— Ман медонам.
— Пас маро раҳо кун.
Ризо аз мошин фаромад. Манзура беихтиёт чанд қадам ба ақиб гузошт.
— Ту медонӣ, ки чаро ман омадам?
— Не.
Ризо ба ӯ наздик шуд.
— Барои он ки ту чизеро дорӣ, ки ба ман тааллуқ дорад.
Манзура ҳайрон шуд.
— Ман чизе аз ту надорам.
Ризо табассум кард.
— Ту фикр мекунӣ, ки он шаб телефони ту танҳо як телефон буд?
Чашмони Манзура аз эҳсоси тарс калон-калон шуданд, вале ҳеҷ сарфаҳм намерафт, ки гап дар бораи чи меравад.

— Дар он телефон чизе буд, ки метавонад зиндагии бисёр одамонро нобуд кунад.
Манзура якбора ҳушёр шуд. Ба ёдаш расид, ки он шаб якчанд видеоро дар хотираи телефонаш пинҳонӣ нигоҳ дошта буд.Видеоҳои Ризо.
Мардони ношинос. Муомилоти пулӣ. Сӯҳбатҳое, ки он вақт Манзура ҷиддӣ нагирифта буд.
Ризо аз ғазаб дандон соида гуфт:
—Ман медонам, ки ту нусхаи он маълумотҳоро дорӣ.
Манзура нигоҳашро аз чашмони Ризо гурезонида истода гуфт:
— Ман ягон видео надорам.
— Дурӯғ мегӯӣ.
— Ман ҳатто намедонам, ки ту дар бораи чӣ гап мезанӣ.
Ризо чанд зада дасташро дошт ва аз манаҳи духтар дошта таҳдид кард:
— Агар он маълумот ба дасти касе расад, ман туро зинда намегузорам.
— Дастамро сар деҳ!
Ҳамин вақт садои мошини дигар баланд шуда дар канори онҳо қарор гирифт ва аз он Фарҳод фаромад:
— Ризо.
Ризо ба қафо нигарист.
Фарҳод ба Манзура ишора кард:
— Ба мошин савор шав.
Манзура давида ба мошини Фарҳод нишаст.
Ризо ба онҳо нигоҳ карда, хандид.
— Шумо фикр мекунед, ки аз ман гурехта метавонед?
Аммо Фарҳод ба суханони вай аҳамият надода, мошинро ба ҳаракат даровард.
— Чаро ту маро таъқиб мекунӣ?-пурсид Манзура вақте ки мошин дуртар шуд.
— Барои он ки Ризо туро мекушад.
—Ӯ гуфт, ки ман маълумоти муҳиме дорам, ки бисёр хатарнок аст.
Фарҳод ба ӯ нигоҳ кард.
— Ту дар ҳақиқат чунин маълумот дорӣ?
Манзура хомӯш монд.
— Манзура, гап зан, чаро якбора дамат дарун зад.
— Намедонам.
—Ин чӣ маъно дорад?
— Ман як флешка дорам.
Фарҳод якбора тормозро пахш кард.
— Чӣ?
— Онро дар ҷевони хонаам нигоҳ дошта будам.
— Дар он флешка чи ҳаст?
— Ман намедонам.
— Пас чаро онро нигоҳ доштӣ?
Манзура бо чашмони пур аз тарс гуфт:
— Ман як шаб Ризоро бо чанд марди дигар дидам. Онҳо дар бораи як духтар гап мезаданд. Ман пинҳонӣ видео гирифтам.
Фарҳод лаҳзае чашмонашро пӯшид ва нафаси чуқуре кашида пурсид:
— Ту инро ба касе гуфтӣ?
— Не.
— Флешка куҷост?
Манзура ба тиреза нигарист.
— Дар хона.
Фарҳод бо овози ҷиддӣ гуфт:
— Мо бояд пеш аз Ризо ба он ҷо биравем.
Онҳо ба хонаи Манзура расиданд. Дар кушода буд. Манзура дар ҷояш шах шуд.
— Ман дарро қулф карда будам.
Фарҳод оҳиста телефони худро гирифт.
— Дар мошин бимон.
— Не.
— Манзура
— Ин хонаи ман аст.
Фарҳод ба ӯ нигарист.
— Хуб. Аз паси ман биё.
Онҳо вориди хона шуданд. Ҳама чиз ба назар ором менамуд.
Аммо баъд Манзура дид, ки дарҳои ҷевон кушодаанд. Либосҳо бетартибона дар рӯйи фарш партофта шуда буданд. Касе хонаашро кофта буд.
Манзура давида ба тарафи ҷевон рафт.
— Флешка
Ҷойи он холӣ буд.
—Флешка нест
Фарҳод чашмонашро пӯшида зери лаб пичиррос зад: Ризо.
Ҳамин лаҳза телефони Манзура занг зад. Рақам ношинос буд. Манзура дилу бедилон гӯширо бардошт. Аз он ҷониб садои Ризо омад.
— Манзура.
— Флешка дар дасти туст?
— Не.
— Пас чаро ман онро ёфтам?
Манзура хомӯш шуд.
— Ту дар бораи чӣ гап мезанӣ?
Ризо бо хандаи паст гуфт:
— Фикр кардӣ, ки ман бе нақша баргаштам?
Манзура бо гӯшаи чашм ба Фарҳод нигарист.
— Ризо.
— Ҳоло як савол дорам.
— Чӣ?
— Ту мехоҳӣ ҳақиқатро дар бораи ман ба ҷаҳон нишон диҳӣ?
— Бале.
— Пас ман ҳам ҳақиқати зиндагии туро нишон медиҳам.
Нафаси Манзура дарун зад.
— Чӣ ҳақиқат?
— Ҳама чизе, ки ту дар он клубҳо кардаӣ.
Занг қатъ шуд.
Манзура беҳолона ба курсӣ нишаст.
Фарҳод ба ӯ нигарист.
— Ӯ туро таҳдид мекунад?
— Не.
— Пас чӣ?
Манзура оҳиста сарашро боло кард. Дар чашмонаш дигар тарс набуд.
— Ӯ мехоҳад маро шарманда кунад
— Ва ту чӣ кор мекунӣ?
Манзура табассум кард.
— Ман дигар аз чизеву касе наметарсам.
Фарҳод ба ӯ нигоҳ кард.
Манзура телефонашро ба даст гирифт.
— Ман бояд мустақиман ба эфир бароям.
—Худи ҳозир?
— Бале.
— Манзура, ин метавонад хатарнок бошад.
— Бигзор.
Ӯ камераро боз кард. Ҳазорон нафар дар як сония ба пахши мустақим ворид шуданд. Манзура ба камера нигарист.
—Салом подписчикои ман.
Шарҳҳо мисли борон мерехтанд.
Барбӣ
Чӣ шуд?
Ризо кист?
Манзура нафаси чуқур кашид.
— Имрӯз ман мехоҳам ба шумо тамоми ҳақиқатро бигӯям.
Дар ҳамон лаҳза дари хона бо садои сахт кушода шуд.
Манзура ба қафо нигарист.
Фарҳод якбора ба тарафи дар давид.
Аммо марди ниқобпӯш пеш аз ӯ ба хона ворид гашта буд. Дар дасташ флешка дошт.
— Инро меҷӯед?
Манзура бо даҳшат ба ӯ нигарист...

(Давом дорад)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД