arzon replenishment
Топ 5- бемории солинавӣ
31.12.2022
Mahina
696


Барои худро аз ин касалиҳо эмин доштан чӣ бояд кард?
Соли нав яке аз дӯстдоштатарин идҳои мост. Дил мехоҳад дар шаби соли нав бо аҳли оила сари дастурхони пур аз нозу неъмат нишаста, бо тамоми ҳастӣ хурсандӣ кунем, то ки тамоми сол бо шодию нишот гузарад, вале баъзан маҳз дар арафаи соли нав ва ҳатто дар шаби ид бемор шудани яке аз аъзоёни хонавода хотири ҳамаро озурда месозад.

Имрӯз мо дар бораи 5 бемории маъмули солинавӣ ба шумо маълумот медиҳем, то ки ин касалиҳоро пешгирӣ намуда, соли навро бо тани сиҳату вақти хуш истиқбол бигиред.

1 Депрессия дар арафаи ид
Шояд шумо ҳайрон шудед, ки депрессия ба ин ид чи алоқамандӣ дорад, охир соли нав яке аз идҳои хеле пуршуру шар ва саршор аз шодиву нишот аст. Бале, дар асл соли нав иди пур аз фараҳу шодию хурсандӣ аст, вале таҷриба нишон медиҳад, ки маҳз дар арафаи соли нав бисёр одамон ба ҳаяҷони рӯҳӣ ва дипрессия гирифтор мешаванд. Киҳо ва чаро дар соли нав ба дипрессия гиритор мешаванд?

1. Духтарони бе шавҳар
Соли нав иди оилавӣ буда, аксарият онро дар хона ҳамроҳи ҳамсару фарзандонашон ҷашн мегиранд. Шахсоне, ки синну солашон ба ҷое расидаасту то ҳол оиладор нашудаанд, махсусан духтарони ба қавле “пирдухтар шуда” беҳуда гузаштани боз як соли умрашонро эҳсос намуда, дар арафаи соли нав ба дипрессия гирифтор мешаванд.

2. Одамони бахтшикаста
Шахсоне, ки бо ин ё он сабаб оилаашон вайрон шудааст, дар арафаис оли нав беихтиёр бахти аз даст рафтаи худро ба ёд оварда, ғамгин мешаванд. Дарди ҷудоӣ ва алами танҳо мондан дар ин соли нав одамони бахтшикастаро ба дипрессия гирифтор месозад.

3. Шахсоне, ки азоби бепулӣ мекашанд
Сабаби дигари ба дипрессия гирифтор шудан дар арафаи соли нав бепулӣ ва мушкилоти иқтисодӣ мебошад. Инсон хоҳ-нохоҳ охири сол як соли умрашро таҳлил мекунад, ки кадом нақшаҳояш амалӣ гаштанд ва кадом корҳояш нотамом монданд. 

Як соли дароз аслан ягон кори кас барор нагирифта, бар замми ин, қарздор ҳам гашта бошад, албатта зиқ мешавад. Болои ин ҳама фикри аз куҷо барои харидани туҳфаҳои солинавӣ ва дастурхони идона пул ёфтан зам шуда, одамро ба дипрессия гирифтор карда метавонад.

Чи бояд кард?
Бисёриҳо депрессияро бемории ҷиддӣ намеҳисобанд, вале он метавонад касро ба касалии дил, бехобӣ ва ҳаттосаратон гирифтор созад. Мардоне, ки дуру дароз дар ҳолати эъсу ноумедӣ қарор доранд, қувваи мардии худро аз даст доданашон мумкин аст, бар замми ин, дипрессия боиси майзадагӣ гашта метавонад.

Аз ҳамин хотир худро ба даст гирифта барои ҳар майда-чӯйда ғам нахӯред. Имсол шавҳар накарда бошед, шояд соли дигар бахти худоро меёбед, ҳамсаратон шуморо партофта бошад, беҳтарашро меёбед, бе пул бошед, худованд албатта аз ягон ҷой ризқу рӯзии шуморо мерасонад.

Муҳимаш рӯҳафтода нашуда, барои беҳтар кардани зиндагиатон талош намоед. Агар шумо танҳо бошед, кӯшиш кунед, ки дӯстони нав пайдо карда, соли навро бо табъи болида пешвоз бигиред, то ки тамоми сол хушбахту хушрӯз гардед.

2. Зӯком ва шамолкашӣ
Ҳамасола маҳз дар арафаи соли нав бисёриҳо ба зӯком ва шамолкашӣ гирифтор мешаванд. Тавре ҳамагон медонанд, зӯком бемории вирусӣ буда, мо дар нақлиёти ҷамъиятӣ, дар мағозаю бозорё ҷойи кор аз онсироят ёфта метавонем.

Як-ду бор атса задани як шахси бемор кофӣ аст, ки чанд нафари дигарро ба зӯком гирифтор созад. Албатта ҳеҷ кас намехоҳад, ки соли навро бо оби чашму оби бинӣ ва табби баланди 40% пешвоз бигирад, барои ҳамин бемориро бояд пешгирӣ намуд.

Барои пешгирӣ чи бояд кард?
1. Либоси гарм пӯшед. Барои ҷаши солинавӣ куртаи сабуки идона фармоиш дода бошед, аз болояш ақаллан то расидан ба базмгоҳ пӯшидани палто ё курткаи гармро фаромӯш накунед.
2. Дастонатонро тез-тез бо собун шӯед. Собуни оддии арзонбаҳо низ шуморо аз бактерияҳои зараровар муҳофизат хоҳад кард.
3. Ба хотири пешгирии сироятёбӣ аз зӯком ва дигар бемориҳои сироятӣ вақти ба кӯча баромадан ё ба бағозаву бозор рафтан ниқоб пӯшед.
4. Ба биниатон мази “Оксалин” молед, то шуморо аз сироятбӣ эмин нигоҳ дорад.
3. Шикастан ва баромадани дасту пой

Ҳар сол дар арафаси соли нав барфи бисёре меборад. Ҳамагон, махсусан хурдтаракон аз боридани барф хурсанд шуда, ба яхмолаку барфбозӣ машғул мешаванд. Албатта барфи сафед рамзи покӣ ва бахти сафед буда, боиси хушҳолию шодиву нишот мегардад, вале дар ин айём бисёр эҳтиёткор будан лозим аст.

Аввалан дарахтон бар асари ба болояшон боридани барф решагардон шуда метавонанд, баъдан шӯшаҳои ях, ки гӯшаи бомҳо овезон мешаванд, ба сари роҳгузарон афтида, касеро ярадор карданашон имкон доранд.

Хатари аз ҳама бузург ин лағжида афтидан аст, ки дар аксари ҳолатҳо боиси шикастан ё баромадани даст ё пойи одам мешавад. Соли навро бо дасту пойи шикаста пешвоз гирифтан нахоҳед, ба ин қоидаҳо риоя намоед:
1. Дар зимистон таг таги балкон ва боми хонаҳо нагардед.
2. Рӯ-рӯи барф қадам зада, кӯшиш кунед, ки поятонро болои ях намонед.
3. Аз харидани мӯзаҳои қалампошна худдорӣ намуда, пойафзоли гарм ва пошнааш ғафсе бипӯшед, токи роҳгардӣ бо он осон ва бехатар бошад.

4. Арақ нанӯш, бемор мешавӣ!
Аксари мардон бо баҳонаи он ки нӯшидани шароб баданро гарм нигоҳ медорад, пеш аз соли нав аз ҳад зиёд май менӯшиагӣ мешаванд. Ин ба саломатӣ зарар орад, чунки машруботи бисёр баръакс рагҳои хунгардро васеъ сохта, ҷисм ҳарораташро нигоҳ дошта наметавонад. Соли навро дар ҳушёрхона ё беморхона пешвоз гирифтан нахоҳед, ба ин тавсияҳо риоя намоед.
1. Кӯшиш кунед, ки аслан нанӯшед, вале бе шароб наметавониста бошед, миқдори хеле ками машруботро истифода баред.
2. Нияти соли навро бо маю шароб пешвоз гирифтан дошта бошед, дастархонатонро бо ғизоҳои каллорияашон баланд аз қабили гӯштбирён, моҳиҳои равғанин, ҷормағз, тухм,банан ва ширинию хӯришҳои рангоранг пур кунед. Хӯроки серкалория ба ҷисми шумо нерӯ бахшида, барои мубориза бо бемориҳо ёрӣ мерасонанд.
• Отравления
• Любой праздник у россиянина не считается таковым без большого количества пищи и алкоголя. Однако не всегда продукты бывают свежими, а блюда — приготовленными по рецепту. Наряду с пищевыми на Новый год часто встречаются алкогольные отравления.

5. Отравление-зарҳролудшавӣ дар соли нав
Боз як бемории дигаре, ки дар соли нав хеле зиёд ба назар мерасад, ин заҳролудшавӣ-отравление мебошад. Албатта оростани дастурхони пур аз нозу неъмат дар шаби ид хеб аст, вале маҳсулоти мӯҳлати истифодааш гузашта ё зиёд истеъмол крадани хӯрокҳои ҳархела боиси заҳролудшавӣ гашта метавонад. Барои он ки аз дастурхони солинавӣ рост ба беморхона наафтед, ба ин қоидаҳо риоя намоед.
1. Ҳамаи ғизоҳои дар рӯйи дастурхон бударо пай дар пай ба даҳон бурдан нагиред, чунки хӯрокҳои ҳархела шуморо ба дарунрав гирифтор крада метавонанд.
2. Баднафсӣ накунед, хӯроки аз меъёр зиёд натанҳо ба меъда,балки ба дил ҳам фишор меорад. Шаби соли нав дароз аст ва шумо имкон доред, ки то субҳ кам-кам аз ҳар навъи хӯрок чешед.
3. Намудҳои гуногуни машруботро омехта накунед. Арақ нӯшида бошед, аз болояш коняк ё пиво нанӯшед. Фаромӯш накунед, ки бе газак нӯшидани машрубот зарар дорад. Тавонед тамоман маю шароб нанӯшед! Бовар кунед, ҳушёр ва солим пешвоз гирифтани ид аз маст шуда, атрофиёнро нороҳат крадан сад бор беҳтар аст!
Ин буд тавсияҳои кӯтоҳи мо барои ҳифзи саломатии шумо. Боқӣ хушбахту хушрӯз бошед! Соли наватон муборак!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД