arzon replenishment
Торти «РАФАЭЛЛО»
678


               Маҳсулоти лозима:
6 дона тухм
2 стакон шакар
1пачка моддаи ковоккунанда
1,5 ст орд


                                   Барои ороиш:
1 пачка қаймоқ
1 стакон шакар
1пачка шири моеъ
1пачка дилала (200гр)
1 пиёла шир
2 пачка какос
Шоколади рафаэлло


                                    Тарзи таҳия
Дар зарфе тухму шакарро бо миксер лат мезанем, то тайёр шудани маҳлул. Баъдан ба он орд ва моддаи ковоккунанда андохта, нағзакак омехта мекунем.
Ба қолаб равған молида ба он коғази пергамент тунук мекунем ва хамирро ба он мерезем.

Тафдонро ба ҳарорати 180 дарача метасфонем ва хамирро ба тоба андохта дар ҳарорати 180 дараҷа мепазем.
Барои ороиш қаймоқ ва шакарро бо миксер лат задан лозим мешавад. Ба дилала 1 пиёла шир андохта бо миксер лат мезанем, то омода шудани дилала ва ба он шири моеъ ҳамроҳ карда, то омода шудани он лат мезанем.

Малҳамро ба бисквити хунукшуда молида, тортро оро медиҳем.
Ба олояш какос мепошем ва шоколади рафаэллоро ба рӯяш мечинем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД