Arzon march 2024
Торти “Рахш”
501


Дар рӯзҳои истироҳат ҳар як зан мехоҳад ягон ширинии лазиз пухта, пайвандонашро хурсанд созад.

Барои он ки истироҳати шумо бо аҳли хнаводаатон ширину гуворо гузарад, тарзи пухтани як торти бисёр зебо ва бомаззаро манзуратон мегардонем.

Маҳсулоти лозима:

1 бонка ширқиём, 1 тухм, 3 стакон орд, 1 қошуқча содаву сирко. Барои малҳам: 750 г шир, 200 г равғани маска, 2 тухм, 1,5 стакон шакар, 3 қошуқ ванилин.

Тарзи таҳия:

Барои омода намудани кулчаҳои торт аз орду ширқиём, тухм, содаи хӯрокаи бо сирко омехташуда хамир омода созеду аз он 8 кулча созед.

Ҳар кадомашро тунук карда, дар тоба аз ду тараф дар равған пазед. Канори чалпакҳои пухташударо ҳамвор бурида, нонрезаҳои буридаро майдатар кунед. Ширу шакар, орд ва ванилинро дар оташи паст то ғафс шуданаш ҷӯшонеду баъди хунук шуданаш равғани маска илова кунед.

Малҳамро гаромгарм ба чалпакҳо молида, бо нонреза оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД