formula
Қурбон Собир: Вой аз дасти зане, ки ба хотири қошуш интихоб кардед!
2241

 

ё нони сӯхтаи келину моҷарои хушдоман

Қурбони Собир, ҳунарпешаи боистеъдод, инсони хуб, дӯсти бовафо ва рафиқи рӯзи сахт аст. Дар назар шахси бисёр ҷиддӣ менамояд, вале қалби меҳрубон, беозор ва пур аз раҳм дорад. Суханҳояш пур-пури маънӣ буда, кас аз шуниданаш ҳам лаззат мебарад ва ҳам ғизои маънавӣ мегирад. «Фарзанд лаззати дандон аст»,-мегӯяд Қурбони Собир. Ман аз шунидани ин сухан дар тааҷҷуб мондам. Чӣ тавр фарзанд лаззати дандон будааст? Фарзанд ягон ашёи хӯрданӣ не-ку?

«Фарзанд набошад, инсон лаззати ғизои истеъмол кардаашро дарк карда наметавонад, зеро фикраш ҳамеша ба ҷое банд аст. Ба ояндаи пурхатар, азобу хориҳои замони пирӣ, надоштани асо дар зиндагӣ, муҳтоҷ гаштан ба кӯмаки дигарон ва як дунё мушкилиҳое, ки сабабаш надоштани фарзанд аст. Дар ин ҳол чӣ гуна метавон лаззати зиндагӣ, ҳаёт, нӯшу неъмат ва лаззати зистан дар ин дунёро эҳсос намуд?»,- мегӯяд ҳунарпешаи маҳбуби мо. Аз фурсат истифода бурда, лозим шумурдем, то бо Қурбони Собир дар хусуси нақшофарӣ, монандӣ ва тафовути саҳна ба зиндагии воқеӣ ва муносибатҳои хонаводагӣ суҳбати кутоҳе анҷом диҳем. Итминон дорем, ки андешаҳои солиму комили ин марди ҳунар ба хонандагони мо писанд меояд ва таъсири маънавии хешро мегузорад.

-Ассалом, акои Қурбон!

-Салом, биёед!

-Мо фикр кардем, ки шумо барои суҳбат бо мо фурсат доред, вале мебинем сахт масруфед.

-Ман аз шогирдонам имтиҳон гирифта истодаам, лекин чӣ илоҷ? Аз шумо роҳи гурез нест. (механдад) Суҳбат намудан бо шумо шояд то як андоза асабамро ором созад. Ҳоло ки сахт монда шудаам, метавонам чанд лаҳза имтиҳонро ба таъхир гузорам ва ба шогирдонам имконияти такрор карданро диҳаму худам бо шумо суҳбат намоям.

-Ташаккур! Тамошобин аксаран Шуморо дар нақшҳои манфӣ мебинад…?

-Ман ба ин фикр розӣ шуда наметавонам. Дар баробари нақшҳои манфӣ, нақшҳои мусбии зиёд бозидаам. Масалан, нақши Ҳазрати Юсуфро бозӣ карда будам. Фикр мекунам, ки бо бозидани нақши ҳамин поктарин инсон ман ба ин мартабаҳо расидам.

-Воқеан, шунида будам, ки баъди иҷрои нақши Юсуф эътибори одамон ба Шумо ба дараҷае афзудааст, ки аз дастону китфонатон бӯса мекардаанд. Он шабу рӯз дар кӯча гаштан бароятон мушкил буд?

-Бале, ҳамин тавр буд. Одамон дӯст медоштанд, ки Юсуфи саҳнаро бинанд, вале ман аз муҳаббати беандозаи онҳо баъзан шарм медоштам.

-Бармегардем ба идомаи суоли аввал. Замони пахши силсилафилми «Дар орзуи падар», яке аз наздиконам гуфта буд: «Вой бар ҳоли зане, ки ҳамсафари ҳаётии Шоҳназар аст ва ё дар хонадони ӯ келин мешавад». Шоҳназар марди бисёр тезу хашмгин буд ва нақши ӯро Қурбони Собир иҷро мекард. Нафаре, ки шуморо намешиносаду танҳо дар саҳна мебинад, фикр мекунад, ки дар зиндагӣ низ ҳамин гуна инсонед, вале мо, ки мешиносем, мегӯем на. Бо ин қадар хубиҳое, ки доред, чӣ тавр метавонед нақшҳои манфиро ба ин андоза моҳирона иҷро намоед?

-Нақши манфира бозидан воқеан мушкил аст, аммо иҷрои нақши мусбӣ боз ҳам мушкилтар. Як мисоли оддӣ меорам. Дар дунё одамоне, ки аз Қурбони Собир поёнанд, яъне пул надоранд, савол надоранд, мартаба надоранд зиёданд, вале дар баробари ин боз одамоне низ ҳастанд, ки чандин зина болотар қарор доранд. Поён буданша мо медонем, зеро чанд зинаеро, ки мо тай кардем, аз поён ба боло ҳаракат намудем. Пул надоштем, нони хӯрдан надоштем, зан надоштем, мошин надоштем, оҳиста-оҳиста ба ҳамааш расидем. Китоб бисёр хондем, боақл шудем, мартабаеро соҳиб гаштем. Аммо боло буданша намедонем. Ман сад кило хуб бошам, бояд нақшеро иҷро намоям, ки хубиҳош як тон аст. Инро чӣ хел бояд иҷро кард? Барои одами ба ин андоза хуб, ҳама ашё зинда аст. Қаламро бояд ба замин сахт нагузорад. Мурчаеро зер кунад, бояд бахшиш пурсад: «мебахшӣ мурчаяк, ман туро нохост зер кардам». Ба ин дараҷа шуданаш имкон надорад. Поён рафтан бисёр осон аст, аммо боло рафтан хеле мушкил. Иҷрои нақши манфӣ ҳам ба ҳамин шабоҳат дорад. Инсони бад набошӣ ҳам, бояд чанд лаҳза ба олами одаме ворид шавӣ, ки бисёр бад аст. Муваффақ шудан дар ин гуна нақшҳо бисёр мушкил аст. Ман намедонам то куҷо муваффақ шудаам, инро танҳо тамошобин баҳо дода метавонад. Муваффақ гашта бошам, пас хуш бар ҳолам! (механдад)

-Худро дар ҷои каси дигар тасаввур кардан ва нақши ӯро бозида тавонистан воқеан истеъдоди нодирест, вагарна фарқ байни Қурбони Собиру Шоҳназар аз замин то ба осмон аст, ҳамин тавр не?

-Ҳар нафаре, ки чӣ гунагии маро донистан мехоҳад, равад аз оилаам пурсад, аз келинам пурсад, аз аъзои хонаводаам пурсад. Баъзан ба худ меандешам, ки чаро ман ҷанг карда наметавонам…

Одамоне, ки аз дидани Шоҳназар ба даҳшат меафтанд, муносибати маро дар оила бинанд, боз ҳам бештар дар ҳайрат мемонанд. Боре дар хонаи модарам як ҳодисаи аҷиб рӯй дод. Шавҳари хоҳарам зиёд мехостааст, ки боре маро аз наздик бинад. Аз рӯи гуфти хоҳарам домод тасаввур мекардааст, ки дар хонаи модарам ҳафт қабат курача партофтагӣ ва Қурбони Собир дар болои он якпаҳлӯ задагӣ мехобад, вале чун омаду дид, ки ман камзӯлчаи қадимии модарамро ба бар карда, рӯ-рӯи ҳавлӣ ин тарафу он тараф гаштаам дар ҳайрат монд. Ҳеҷ бовар намекард, ки Қурбони Собир ба ҳамин андоза оддӣ бошад. Ман алаф чидани дохили замина дӯст медорум. Ин гуна корҳо бароям оромӣ мебахшанд. Борҳо ҳангоми тоза кардани пешайвон ҷорӯбро аз дастам гирифтаанд. Ин кор маънои заиф буданро надорад. Вақте дасти зан ба кори дигар банд аст, бояд ӯро мадад кард. Воҳимаро ҳеҷ гоҳ хуш надоштум.

-Акнун , ки сухан аз саҳна ба оила пайваст, мехоҳем андешаи шуморо дар хусуси хонадоршавии ҷавонон ва интихоби ҳамсар фаҳмем.

-Мард вақте хонум интихоб мекунад, вай ҳанӯз мард нест, бача аст. Ман пайваста ба шогирдонам таъкид мекунам, ки зан нагиред. Ба он маънӣ, ки бо касе барои ҳамхоба шудан сайъ накунед. Шумо барои бачаҳотон модар бигирен. Ин хеле муҳим аст, ки ба бачаи шумо кӣ хӯрок медиҳад, бачаи шуморо кӣ калон мекунад, кӣ ҳарфи аввала меомӯзад, кӣ либос мепӯшонад, кӣ мегӯяд накун ва бо кадом оҳанг мегӯяд. Аввалан бояд бача пазад, хизмат кунад, бо чанд нафар мулоқот намояд. Ин ташвиқи булҳавасӣ нест, аммо бояд бо чанд кас ошно бошад ва дар қиёс омӯзад, ки кӣ беҳтар аст. Дар шиносоӣ набояд аз меъёр гузашт. Ман дар миёни ҳамкурсонам ҳамеша мегуфтам, ки Гулчеҳра беҳтарин зан аст. Ҳар касе бо Гулчеҳра хонадор шавад, хушбахт аст. Вай хислатан аз ҷавондухтарони дигар фарқ мекард. Ҳарф задануш, либос пӯшидануш, муносибату муомилаш. Он замон ман кӯдаквор ҳарф мезадам ва нияти бо ӯ издивоҷ кардан ҳанӯз дар майнаам пайдо нашуда буд. Борҳо аз ҳузури Гулчеҳра ба мулоқоти духтарони дигар рафта будам, вале ҳар куҷо мерафтам, ҳушу ёдам ба инҷа буд. Мегуфтам Гулчеҳра беҳтар аст. Худоро шукр мегӯям, ки зани бисёр лоиқу писанди диламро ба ман муносиб дид. Вой аз дасти зане, ки шумо ба хотири қошуш интихоб кардед, ба хотири чашмони зебош ва ё ба хотири биниш интихоб намудед. Зебоӣ, ақл ва инсонгароӣ ба ҳам ҷӯр биёянд, бисёр хуб мешавад. Қаду қомати зебо бе ороиши фитрии инсонӣ як чизи беҳуда аст, ки як умр азобша мекашӣ.

-Кадом одати Гулчеҳра ба шумо зиёдтар писанд аст?

-Хонаи падару модари Гулчеҳра ҳамагӣ як километр аз хонаи мо дур аст. Ба хотире, ки аксар вақт ман масруфи корам, иҷозат додаам, ки ҳар гоҳ дилаш мехоҳад, ба аёдати волидонаш равад, вале боз вақте нияти ба онҷо рафтан мекунад, занг мезанад, иҷозат мегирад. Борҳо мегӯям: «Рав, охир ман ба ту иҷозат додаам. Як қадам роҳ аст, чӣ маро мепурсӣ?», аммо ҳеҷ гоҳ бидуни пурсиш ва розигии ман, на аз хона мебарояд ва на кореро анҷом медиҳад. Фикр мекунам ин амали Гулчеҳра ҳам аз рӯи эҳтиром аст ва ҳам то як андоза ҳамдигарфаҳмиро ифода мекунад. Ман аз доштани чунин зан ифтихор мекунам. Воқеан худро хушбахт меҳисобам. Дар куҷо Худо гуфтам, намедонам! (механдад)

-Ба андешаи Шумо муносибат дар оила бояд чӣ гуна бошад?

-Ба он хотир ба ин савол посух мегӯям, ки ман чанд шим зиёдтар даридаам, чанд либоси зиёдтар пӯшидаам, вагарна худи ман ҳоло ҳам ниёз дорам ба он ки, муносибат чӣ гуна бояд бошад. Масалан, як ниҳолро ман мехоҳам дар ин ҷо шинонам, вале Гулчеҳра мегӯяд, ки не, ин ҷои ин ниҳол нест. Ва ё хонуми ман мехоҳад, ки то тобистон хонаи мо аз таъмир барояд, аммо ман имкон надорам. Чӣ кор бояд кунем? Ман мехоҳам аз ин ҷо гузарам, хонуми ман ҳам сахт мехоҳад аз ҳамин ҷо гузарад. Агар бо ҳамин фишор ҳарду якҷоя зӯр занем, девори хонаи мо чаппа мешавад. Дар ин маврид ман бояд ба ӯ роҳ диҳам, гузар гӯям. Яъне, бояд ба якдигар роҳ дод. Аз якдигар гузашт бояд кард. Ана ҳамин ҷузъиётҳои хурди хонаводагӣ аксар вақт сабаби пош хӯрдани оилаҳо мегарданд. Ғурурашон боло мегирад. «Ман»-шон роҳ намедиҳад, ки гузашт кунанд. Мутаассифона, баъзан занҳоро ҷуз латта чизи дигаре намепиндоранд, чун онҳо аз худашон дифоъ карда наметавонанд. Ин қадар бечораанд, ки мушти ба фарқи сарашон омадаро розиянд ҳақ шуморанд. Бечорагишон аз оила сар мешавад. Гузашт кардани зан ва ба эътибор гирифтани сухани дурусти зан, заковатмандии мардро ифода мекунад. Ин амал сутуни якдигарфаҳмиро ҳамеша устувор нигоҳ медорад ва боис ба пешгирии муноқишаҳо мегардад.

-Дар хусуси муносибати хусуру хушдоман бо келин чизе гуфта метавонед, зеро дар байни инҳо ҳам муноқишаҳо зиёд мушоҳида мешаванд?

-Ин вобаста аз он аст, ки келин чанд кило ақл дорад? Хусур ва ё хушдоман то кадом андоза рамузфаҳманд? Ҳеҷ келин муносибати ганда барқарор намекунад. Мешавад ҳолатҳое, ки бадтарин духтари мо дар хонае меафтад, ки бисёр меҳрубонанд ва зиндагиаш хуб мегузарад, аммо хубтарин хоҳари мо дар хонае келин мешавад, ки хеле баданд. Мисоли ҳаётист, ки келини нав нон мепазад ва нонаш аз танӯр меафтад. Аз тарси он ки хушдоманаш нони афтидаро набинад, онро бурда дар байни кӯрпаҳояш пинҳон месозад. Аз байн муддатҳо мегузарад, келин гирифтани нони пинҳонкардаашро фаромӯш мекунад. Нон дар байни кӯрпаҳо мепӯсад, бӯй мегирад ва хушдоман аз ба машом расидани ин бӯйи ғализ ба кофтукоб медарояд. Билохира нони пӯсидаро меёбаду ҷангу ҷанҷол мешавад. Келин ҳоло ҷавон аст, вай аз бетаҷрибагӣ, аз тарс, аз хатаре, ки эҳсос мекард, нонро пинҳон намуд, вале хушдоман, ки то як андоза таҷрибадидааст, набояд муноқиша барпо мекард. Бояд «ҳеҷ гап не духтарам, имрӯз натавонистӣ, фардо ёд мегирӣ»,-гӯён, келинро аз олами тарсу ҳарос ва ларзише, ки дар баданаш пайдо шуда буд, берун менамуд, вале мутаассифона ин тавр нашуду намешавад. Зане, ки гуноҳи як нона сӯзонидани келинша бахшида наметавонад, аз куҷо муросои дуруст ба вуҷуд меорад?! Орзу мекунем, ки ҳамеша ақли солим боло гираду оилаҳои мо аз ҷиҳати ҳамдигарфаҳмӣ ва муросои хуб дар ҳама ҷо намуна гарданд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД