sebiston july new
ВАЪДА ДОД, КИ ТУВУ ПИСАРАТРО ХОР НАМЕКУНАМ, АММО БО ҲАМИН ГУМ ШУД....
2435

Як зани бадбахтам. Шавҳарам Мӯсо маро дӯст дошта гирифта буд. Падарам розӣ набуданд, ки аз шаҳр ба Қурғонтеппа арӯс шуда равам, бинобар ин, хостгорони Мӯсоро чандин бор навмед гусел карданд, вале ин ҷавони ошиқ ба ҷону ҳолам намемонд. Таҳдид мекард, ки агар падарам бо хубӣ розӣ нашавад, вай ин корро ҳамту намонда, маро медуздад.

Медонистам, ки Мӯсо аз гапаш намегардад, бинобар ин аз тарси шармандагӣ ваъда додам, ки ягон илоҷ карда дили падарамро меёбам. Шабе дар сари дастурхон гапро аз дур сар карда гуфтам: “Падарҷон, беҳуда хостгории ҳамсабақам Мӯсоро рад кардед. Вай бачаи беҳтарини курси мо аст. Аҳли оилаашон ҳам одамони хубу босавод ҳастанд. Касе дар чунин оила келин шавад, хушбахт мешавад.” Падарам бо диққат ба гапам гӯш карда, эҳсос намуданд, ки дили ман ба Мусо кашол аст ва лаб газида гуфтанд: “Ин тавр бошад, гӯй, ки пагоҳ хостгорҳояшро фиристад!”. Ҳамин тавр моро фотиҳа карданд. Тӯямон бисёр пуршукуҳу зебо гузашт. Зиндагиамон ширин оғоз ёфт, вале ду моҳ пас шавҳарам ба Русия мардикорӣ рафт. Он вақт ман ҳомиладор будам. Мӯсо ваъда дод, ки туву писаратро хор намекунам, вале бо ҳамин дигар ёди мо накард. Се сол бе ному нишон гум шуд. Падарам нағмаҳои шӯйи хушкардаи маро донанд ҳам, дар ин муддат нисбати Мӯсо ягон гапи бад назаданд, то ба захми дили ман намак напошанд. Шаб то саҳару рӯз то бегоҳ чашм ба роҳ будам, ки кай шавҳарам аз дар медарояд. Оқибат шӯдори бе шӯ будан ва роҳпоиҳои беҳуда маро дардманд кард. Аз интизориву роҳпоии Мӯсо ҷонам ба лаб расида ба бистар афтодам. Ҳоло кӯдакам дар дасти хушдоманам аст, маро бошад, падарам чанде пеш барои табобат ба шаҳр оварданд. Дар беморхонаам. Духтурҳо ҳоламро бисёр вазнин мегӯянд. Мехоҳам аз минбари «Оила» ба шавҳари бевафоям бигӯям: -Мӯсо, барои чӣ ману фарзандатро ба ёд намеорӣ?! Аз ғами дуриат дарун ба дарун сӯхта хокистар шудам. Мабодо чашмат ба ин сатрҳои бо хуни дил навиштаи ҳамсари беморат афтад, тезтар баргард, то дар зиндагӣ ба дидори якдигар бирасем. Ману Сипеҳрат туро интизорем! Саида, аз беморхонаи Қарияи Боло.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД