sebiston july new
ВАЛЕНТИНА ЧУПИКРО 30 СОЛ “ДЕПОРТ” КАРДАНД. Ӯ ПАНОҲАНДАГИИ РУСИЯРО ДОШТ
1340


Чупик, роҳбари созмони "Тонг ҷаҳони" ва ҳомии шинохтаи муҳоҷирони корӣ то соли 2051 имкон надорад, ба Русия ворид шавад.
Дар ҳоле, ки ин қарор бароварда шуд, Валентина бо ҳамроҳи як корманди ин созмон ба сафари корӣ ба Арманистон рафта буд.
Тавре Муҳаммад Собиров, яке аз ҳамкорони Чупик ба “Радиои Озодӣ” хабар додааст: "Вақти аз сараф баргаштанашон дар фурудгоҳи Шереметево нагузоштаанд ӯ аз марз гузарад ва огоҳинома додаанд, ки то соли 2051 ҳаққи ворид шудан ба Русияро надорад".
Валентина Чупик, шаҳрванди Узбекистон буда, як сол пеш дар Русия санади паноҳандагиро ба даст овардааст. Ҳоло ҳамкорон ва ҳампешагони ӯ нигаронанд, ки имкон дорад мақомоти Русия ӯро ба Узбекистон истирдод кунанд ва ӯ дар ин кишвар мавриди озору азияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шавад.
Чанде аз ҳамкорони ин ҳомии ҳуқуқ навиштанд, ки хориҷ кардани Валентина ӯ аз Русия ва бекор кардани санади паноҳандагиаш як навъ "интиқоми мақомоти Русия барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ аст".
Ин ягона ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия нест, ки аз қаламрави ин кишвар ихроҷ мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД