arzon replenishment
Васвоси мӯд (ҚИСМИ 2)
22.10.2024
АРДАШЕР
1506

- Кадом мард чунин ҳамсари идеалро монда клуб ба клуб мегардаду ба дигарон чашм ало мекунад!?,- келинашро суолборон карда пурсид Муборакхола.

Париваш нохуни дастонашро хоида ба фикр фурӯ рафт, вале ҳамоно як кунҷи дилаш ғаш буд.

- Як бор ба ману амакатон нигаред. Магар он кас маро пир шудӣ гуфта дар нимароҳ гузошта рафтанд? Албатта, ки не! Фаромӯш накунед, муносибати зану шавҳарро ҳусну ҷамоли якдигар не, балки эътимоду боварӣ ва муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ мустаҳкам мекунад.

Шабона дер омадани писарам аз пушти кайфу сафо не, балки барои ояндаи Шумову фарзандонаш. Ӯ то дер кор мекунад, то ки барои оилааш зиндагии шоистае муҳайё созад. Бечора Фаридунҷон ҳар ду моҳ ба Шумо як ангуштари ё гӯшвори тилло тӯҳфа мекунад. Кадом шавҳар чунин мекунад? Дар ҳар иду ҷашн як дастагул ба шумову як дастагул ба ман ҳаст. Барои ҳамин келинҷон чунин фикрҳои бемаъниро аз саратон дур кунед.

- Хуб шудааст модарҷон, фаҳмидам. Хатоямро дарк кардам, лекин ожангу доначаҳои рӯям ҳамон диламро ғаш мекунад. Дар оина худро дидан замон маро ғам фаро мегирад,- ба хушдоманаш нимнигоҳе карда иқрор шуд келинчак.

- Келин, минбаъд ҳар бор, ки ба оина нигаристед бо овози баланд гӯед, ки ман зебоям, ман хушбахтам. Дигар дар бораи ожангу пожанг фикр накунед Шумо ҳоло ҷавонед, охир аз сад гулатон як гулатон нашукуфтааст.

- Хуб шудааст.

- Ана ин гапи дигар. Наход одам пир шудам гуфта ғаму ғусса хӯрда шинад.

- Модарҷон аз Шумо якчиз пурсам.

- Марҳамат.

- Метавонам ҳозир ба толори ҳусн равам. Як дугонаам машшотаи хуб аст, ақаллан доначаҳои рӯямро нест кунад.

- Бемалол. Марҳамат. Фақат як бор аз пеши шавҳаратон гузаред. Бе иҷозати шавҳар кор кардан ба зан намезебад.

***

Париваш бо иҷозати шавҳараш ба толори ҳусн, назди дугонааш рафт.

- Салом, дугонаҷон хуб ҳастӣ?

- Э ассалом Париваш, чӣ ҳол дорӣ? Шамолҳои куҷо парронд?,- хандида киноя зад Моҳпайкар.

- Э нагӯ дугонаҷон. Аз серкории зиёд ба сархорӣ вақт нест.

- Аз чеҳраат маълум.

- Яъне чӣ? Гуфтании, ки пир метобам?,- хавотир шуда пурсид Париваш.

- Каму беш,- хандида посух дод Моҳпайкар.

- О барои ҳамин ҳам омадам. Чӣ кор кунам, ки мисли ҷавондухтари 18-сола бошам?

- Инро ба ман мон. Ман медонам чӣ кор карданро.

Моҳпайкар дар як дам сӯзандору гирифта ба Париваш гузаронд. Ба ин васила рухсораҳои дугонаашро таранг кард. Доначаҳои рӯяшро ҳам нест кард. Ӯ маҳлулҳои гуногунро ба рӯяш молид, сипас, чехраашро орову торо дод.

Париваш худро дар оина дидан замон дар ҳайрат афтод.

- Вааааҳ, чӣ қадар зебо шудам. Дастонат дардро набинад. Боз хушдоманам мегӯяд, ки кас туро дида гумон мекунад, ки духтари 18 солаи! Ана акнун воқеан ранги духтари 18-сола шудам,- Париваш аз ҳусну ҷамолаш мефахриду меболид.

- Э дугона хушдоманҳо ҳамин. Ӯ туро ба писараш рашк мебарад. Намехоҳад, ки зебо шуда пеши писараш ҷавлон зани.

- Париваш ба суханони дугонааш бо ду ҳарф посух дод.

- Ҳм.

- Париваш ту инстаграм дорӣ?

- Не, ман телефони калон надорам. Шавҳарам иҷозат намедиҳад.

- Эеее аҷоиб будаӣ ту. Дар ин солу замон надоштани телефон он тараф истад, надоштани инстаграм айб. Ту аз замона қафо мондаӣ. Ба либосҳоят ҳам нигар. Агар саҳифаи инстаграм кушоӣ ҳама чизро мефаҳмӣ. Ту телефон гир, ман ба ту кумак мекунам.

(Давом дорад)

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД