Arzon march 2024
Васвоси мӯд (ҚИСМИ 3)
23.10.2024
АРДАШЕР
1384

- Агар саҳифаи инстаграм кушоӣ ҳама чизро мефаҳмӣ. Ту телефон гир, ман ба ту кумак мекунам.

***

Муборакхола келинашро дида нашинохт, худ мафтуну мадюни ҳусну ҷамоли келинаш шуд.

- Келинҷон. воқеан зебо шудед. Худованд Шуморо аз чашми бад, аз ҳасаду кина нигоҳ дорад.

- Раҳмат модарҷон.

- Акнун фикр мекунам, дигар ғаму ташвишатон тамом шуд.

***

Париваш ба нею нестони шавҳараш нигоҳ накарда телефони калон гирифту пинҳонӣ бо маслиҳати дугонааш саҳифаи инстаграм боз кард. Як-ду маротиба ҳамроҳи Моҳпайкар сурат ва наворҳои кӯтоҳ гирифта дар саҳифааш ҷой кард. Дар лентаи инстаграм наворҳое мебаромаданд, ки духтарон ба истилоҳ лабҳои "ботекс" кардаи худро ҷой карда буданд. Париваш чунин наворро дида ҳайрон шуду ба Моҳпайкар фиристод.

- Дугонаҷон инро "ботекс" мегӯянд. Баъди гирифтани ин сӯзандору лабҳо варамида ба ҳусни зан ҳусн зам мекунад,-шарҳ дод дугонааш дар як паёмак.

Париваш саҳар бо иҷозати хушдоманаш боз ба толори ҳунс ба назди дугонааш рафт.

- Дугона ман ҳам "бутекс" кунам ми?,- маслиҳат пурсид Париваш аз Моҳпайкар.

- "Бутекс" не "ботекс". Ин тақозои замон. Ҳозир занҳои мудерн лабонашонро ботекс мекунанд.

- Шавҳарам ҷанг намекарда бошад?

- Э не лабҳои варамида ба кӣ писанд не? Ту ҳам ҳамқадами замон шав. Аз замона қафо намон. Ин ҳам як мӯди замони мо. Агар ягон чиз гӯяд, бигӯ, ки ин як мӯди замон аст.

Париваш бо ташвиқҳои дугонааш ниҳоят барои ботекс кардани лабаш розӣ шуд ва лабони борики зебояшро ба лабҳои варамида табдил дод. Чун ба хона омад, хушдоман ба лабҳои келинаш ҳайрон-ҳайрон нигариста пурсид.

- Келин ба лабонатон чӣ шуд? Дандонатон дард мекунад ё лабатанро ягон ҳашарот газид?

- Э не модарҷон, инро ботекс мегӯянд. Дугонаам дар толори ҳуснаш сӯзандору гузаронд, акнун лабонам чунин зебо меистанд.

- Куҷои ин лаби варамидаи овезон зебо будааст?

- Э модарҷон, Шумо аз замона қафо мондаед. Ин чизҳоро намефаҳмед.

- Гумон мекунам ин коратон ба писарам писанд намеояд.

- Шумо ба зебоиям рашк бурда писаратонро аз роҳ назанед албатта писанд меояд.

Пас аз ҳаимн ҳодиса муносибати Париваш рӯз аз рӯз бо хушдоманаш сард шудан гирифт. Ниҳоят нохунҳои дароз ҳам монду корҳои хонаро ҳам намекардагӣ шуд.

Акнун тамоми кори хона ба зиммаи хушдоманаш монда буд. Фаридун ба ҳамаи ин ба хотири суханони модараш чашм мепӯшид, таҳаммул мекард.

Париваш гумон мекард, ки ин ҳама зебоӣ барои шавҳараш асту ӯ аз ин кори завҷааш хушҳол мешавад, вале баракс шавҳараш ӯро ҷанг мекарду бас.

Дар ин байн Париваш ҳомиладор шуд. Аз тести кардааш то ҳаштмоҳагии ҳомиладорияшро ба навор гирифта дар саҳифаи инстаграмаш ҷой мекард, вале Фаридун ҳамоно аз ин корҳои завҷааш бехабар буд.

Кӯдаки Париваш ҳаштмоҳа таваллуд шуду вафот кард. Наворҳои инстаграми келинашро бачаи авсунаш дида ба Муборакхола нишон дод. Муборакхола наворҳои келинашро дида ангушти ҳайрату надомат газид, аммо барои мустаҳкам мондани оилаи фарзандаш ба писараш чизе нагуфт.

- Ба ҳомиладории келинам чашм расид. Ҳуққу ҳасуд даромад. Беҳуда кӯдак нобуд нашуда будааст,- мегуфт худ ба худ. Париваш аз чунин ҳол гирифтани кор ғамгину маъюс шуд. Ӯ бо баҳонаи табобат бо ҳамроҳии дугонааш Моҳпайкар як ҳафта ба хориҷа сафар кард, вале ба ҷойи табобат барои хароб шудан рӯдаяҳошро дар як клиникаи хусусӣ ҷарроҳӣ кард.

Париваш пас аз ин рӯз аз рӯз бе ҳолу бемадор шудан гирифт. Ҷуссааш ҳам харобу лоғар шуд. Чун хароб шуд пӯсти рӯяш аз нав овезон шуда, ожангҳои рӯяш бисёртар шуданд. Келинчак ҳамоно аз пайи мӯд буд. Куртаҳои шинамашро ба шимҳои даридаву бурида иваз карда буд.

Пас аз як сол рӯдаҳояш дардманд шуда, беист дард мекарданд. Дард рӯз аз рӯз шиддат мегирифт. Баъди ба духтур муроҷиат кардан маълум шуд, ки ҳангоми ҷарроҳӣ дар рӯдаҳои Париваш микроб афтода будаасту дар натиҷа дарунашро фасод зер кардааст.

Фаридун аз ҳама корҳои завҷааш бохабар шуд. Хост аз занаш ӯ қонунан ҷудо шавад, вале суханони духтур ӯро аз раъяш гардонд.

- Рӯзҳои ба шумори умри завҷаатон мондааст, барои ҳамин дар охири дамаш ӯро азият надиҳед,- гуфт духтур.

Ҳамин тавр якбора ҳоли Париваш бад шуд. Келинчак ба шавҳараш ҳама воқеаро нақл карда гуфт:

- Ман танҳо хостам барои Шумо зебо шавам. Хостам ҳамеша таваҷҷӯҳатон ба ман бошад. Дер дарк кардам,ки Шумо маро чӣ тавре ки набошам, дӯст медоштаед. Фаридунҷон дар ёдатон ҳаст, гуфта будед. "Зиннату зевари зан, на дар ҳусну ҷамолаш, балки дар ибо ва шарму ҳаёи ӯст". Ин суханонатонро васвоси мӯд аз ман фаромӯш кунонд.

Париваш дар натиҷаи таҷрибаи баланди духтурон аз нав шифо ёфт. Фаридун гуноҳҳои ҳамсарашро ба хотири фарзандаш бахшид ва ба завҷааш нигаристу гуфт:

- Зан худ ҷинси зебову нозуку латиф аст, ӯ бетағйирот табиатан зебост.

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД