Formula july 2024
Вазъи ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар самтҳои иқтисодию сармоягузорӣ баррасӣ шуд
1042

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Кумита, зимни мулоқот вазъи ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар самтҳои иқтисодию сармоягузорӣ, аз ҷумла фаъолияти ширкатҳои покистонӣ дар Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, саноат, даъвати ширкатҳои покистонӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати сармоягузорӣ, баргузории форуми навбатии сармоягузорӣ, имкониятҳо ва имтиёзҳои сармоягузории Тоҷикистон ва ғайраҳо, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шудааст.

- Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими робитаҳои дуҷониба арзёбӣ гардида, барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои зикршуда изҳори омодагӣ карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД