arzon replenishment
Вазорати корҳои дохилӣ: Кӣ ба куҷо рафт?
410

 

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти кадрӣ ба амал оварданд.

Ҳамин тавр, Ғайратшо Муборакшозода муовини Вазири корҳои дохилӣ, Шафизода Рустам сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Халилзода Ҳусейн сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ, Раҳмонзода Сайнахш сардори Муассисаи нақлиётии Вазорати корҳои дохилӣ, Насуриён Пулод сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Маҳмадҷонзода Саидаҳмад сардори Раёсати таҳқиқ, Мирализода Абдуҷаббор сардори Раёсати таъминоти моддӣ, техникӣ ва низомӣ, Қаҳҳорӣ Ҳабиб сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, Мирзозода Ҷомӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, Раҳимзода Давлатбӣ сардори Раёсати тиббӣ, Ҳотамзода Саидаҳтам сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, Холиқзода Баҳодур муовини сардори раёсат, сардори Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, Муҳидинзода Даврон муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Бурҳониён Олимҷон сардори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Бохтар, Ҳайдарзода Шералӣ сардори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб, Назарзода Манучеҳр сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон, Саидзода Зафар сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Кушониён, Иброҳимзода Камолиддин сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Дӯстӣ, Юсуфзода Абдусаттор сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Носири Хусрав, Шодизода Ҷамшед Шодӣ сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шуғнон, Абдуллоев Сулаймон сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рушон, Каримӣ Раҳматулло сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбеи Раёсати ВКД дар нақлиёт, Қаландарзода Алиҷон сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ дар нақлиётбудаи вилояти Суғди Раёсати ВКД дар нақлиёт, Самадзода Раҷабалӣ сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Бурҳонзода Зокир сардори Шуъбаи №2-и корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ таъин гардиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД