Arzon march 2024
Зан пораи ҷигарашро ба шавҳараш ҳадя кард.
404

 

Фарҳодҷон Каримов, шавҳари сокини шаҳри Бӯстон Мухлиса Каримова ба пайванди ҷигар ниёз дошт. Бо назардошти ин зан тасмим гирифт, ки як қисми ҷигарашро ба шавҳараш эҳдо кунад.

«Ман бе ягон дудилагӣ ба эҳдои пораи ҷигарам розӣ шудам. Ӯ падари се фарзандам, сардори оила аст. Вай бояд шифо ёбад ва ба назди фарзандонаш баргардад. Ба пизишкони мо, ки ҷарроҳиро бомуваффақият анҷом доданд, изҳори сипос мекунам”, - гуфт Мухлиса Каримова.

Бино ба иттилоъи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ин амалиёт аз ҷониби “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” анҷом шуд. Пизишкон таъкид мекунанд, ки ин амалиёт беназир буда, бори аввал дар Тоҷикистон сурат гирифт.

“Ин ҷарроҳӣ аз амалиёте, ки қаблан дар ҷигар анҷом дода шуда буданд, комилан фарқ мекунад. Ҳангоми пайвандсозии ҷигари донори зинда як қисми ҷигари шахси солим (донор) хориҷ карда мешавад ва ба шахси дигар барои иваз кардани ҷигари носолими он пайванд карда мешавад. Дар ин бемор саратони ҷигар ё худ сироз вуҷуд дошт. Дар истилоҳоти тиббӣ ин амалиёт рапид номида мешавад. Баъди пурра шифо ёфтан ва гирифтани натиҷа мо метавонем ҷигари носолими беморро гирем», - зикр мекунанд мутахассисони марказ.

Бо вуҷуди мураккабии ҷарроҳӣ табибон тавонистанд ин амалиёти ҷарроҳиро бомуваффақият анҷом диҳанд. Вазъи ҳамсарон қаноатбахш арзёбӣ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД