arzon replenishment
Занам чалфас аст, ҷавобашро диҳам?
2561

Салом! Ман Алишер, 28 сол дорам. Дар яке аз бонкҳои бонуфузи пойтахт кор мекунам. Волидонам маро бо яке аз хешовандони модарам хонадор намуданд. Ҳамсарам зани камгапу сарпаст аст, вале аз ӯҳдаи ягон кор намебарояд. Субҳи барвақт худам аз хоб хеста, наҳорӣ тайёр мекунам. Борҳо ба занам паҳлӯҳои зиндагиро ба хубӣ фаҳмонидам, аммо ислоҳ намешавад. Гоҳе аз саросемагӣ бо либоси дарзмол нашуда ба кор мераваму зери таънаю маломати ҳамкоронам монда, аз шарм суп-сурх мешавам. Ҳис мекунам, ки меҳру муҳаббатам нисбати занам торафт сард гашта истодааст. Танҳо хотири писарчаам бо занам зиндагиро идома дода истодаам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, ҷавоби зани чалфасамро диҳам ё тоқат кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД