Arzon march 2024
Зани додаршӯ
2191

 

Фарида вақте дар синфи 9-ум мехонд, ба курсҳои дӯзандагии хонаи наврасон дохил шуд, то ки нозукиҳои ин касбро аз худ намояд. Фарҳод низ дар шуъбаи мусиқии ин муассиса аъзо буду кам- кам сарояндагӣ мекард.

Баъд аз чанд моҳ ҷавонон якдигарро дӯст доштанд. Модари Фарҳод рус буду падараш тоҷик. Модараш чандин маротиба ба хонаи онҳо хостгорӣ омад, вале азбаски Фарида дар оила яккадухтар буд, волидайнаш намехостанд, ки ӯро дар наврасӣ ба шавҳар диҳанд. Аммо Фарида ба ҷону ҳоли модараш намонда, зораю илтимос мекард, ки падарашро розӣ кунонад.

Хулоса, волидайн ба издивоҷи онҳо розӣ шуданд. Агар розигии худро намедоданд, шояд Фарида аз хона фирор мекард. Билохира, Фарида дар синни 15- солагӣ ва Фарҳод дар синни 22- солагӣ бо ҳам хонадор шуданд.

Фарида ба камию костии зиндагӣ, расму оини хонаводаи шавҳар оҳиста-оҳиста одат мекард. Аз шоҳдухтари хонавода ному нишоне намонда бошад ҳам, худро зани хушбахт ҳис менамуд. Ҳарчанд падари Фарҳод тоҷик бошад ҳам, модараш ягон расму оини тоҷикиро намедонист.

Баъд аз 5 моҳи зиндагӣ Фарҳод барои мардикорӣ ба Русия рафт. Фарида ҳамроҳи ду бародар ва модари ӯ дар хона монданд. Фарида гоҳ дар хонаи модару гоҳ дар хонаи худаш рӯзашро сипарӣ мекард. Оҳиста- оҳиста Фарҳод беному нишон шуда рафт. Фарида бошад, чӣ кор карданашро надониста, аз ғаму дард месӯхт. Доим ашк мерехту ғусса мехӯрд.

Фиреб ва бевафоии Фарҳод

Рӯзе ба хонаашон аз номи Фарҳод номаеро оварданд. Ин нома гӯё аз номи Фарҳоди як замон ошиқ навишта шуда буд. Дар он чунин нигошта буд: «Фарида, маро фаромӯш кун! Ман дигар ба Ватан баргаштан намехоҳам. Дар инҷо бахтамро ёфтам. Ту ҳам аз паси бахтат шав!"

Фарида бо доду фарёдаш хонаро ба сар бардошт. Хушдоманаш ҳарчанд ӯро дилбардорӣ мекард, аммо ба касе гӯш додан намехост. Барояш аламовар буд, ки ҳамагӣ 5 моҳ зиндагӣ карду аллакай шавҳараш ӯро фаромӯш кардааст. Акнун чӣ тавр ба хонаи волидайн бармегардад? Ба онҳо дурӯғ будани ишқи Фарҳодро чӣ гуна мефаҳмонад?

Фарида ба ҳеҷ ваҷҳ ба хонаи падару модараш баргаштан намехост. Ҳатто ба хабаргирӣ ҳам намеомад. Рӯзҳо мегузаштанд, ҳамоно аз Фарҳодаш, ки бо ҷону дил дӯсташ медошт, хату хабар набуд.

Рӯзе Фарида дар хона танҳо нишаста, расми арӯсӣ дар даст ашк мерехт, дар кушода шуду ба наздаш бародари Фарҳод, ки синнаш ба 25 расида буду то ҳол оиладор нашуда буд, даромад. Ромиз аксро аз дасти янгааш гирифта, як сӯ ҳаво доду гуфт:

-Фарида, ашкатро барои як номард ҳайф накун! Ту ҳоло ҷавонӣ, зеби зиндагии хушбахтона дорӣ. Розӣ шав, ман туро хушбахт мегардонам.

Аз шунидани ин суханон Фарида лолу ҳайрон монду чӣ гуфтанашро надониста, аз хона ба ҳавлӣ баромад.

Арӯсии дубора ё бахти ногаҳонӣ

Ҳамин ки хушдоманаш аз кор омад, Фарида дарҳол аз ӯ иҷозат гирифту ба хонаи модараш омад. Ҳанӯз бегоҳ нашуда, бародари шавҳараш Ромиз ба хонаашон омаду “маро модарам барои овардани ту фиристод. Аҳволи модарам бад аст, туро мепурсад” гӯён, ӯро бурданӣ шуд.

Модари Фарида аз таги гап бехабар "Хез, духтарам, хушдоманат бемор шудааст, духтар надорад, ки нигоҳубинаш намояд" гӯён, ӯро ҳамроҳи Ромиз гусел кард. То ба хона расидан Ромиз аз ишқ сухан мегуфту дили Фаридаро ба зиндагӣ дилгарм месохт.

Хушдоманаш аз ин тасмими писараш бохабар шуда, розӣ шуд, ки Ромиз Фаридаро ба занӣ гирад. Аз ин воқеа волидайни Фарида огоҳ шуда, барои овардани духтарашон саъю кӯшиш намуданд, аммо духтари гумроҳ ишқи Ромизро пазируфта буд.

Падараш дар сари қаҳр аз баҳри духтараш гузашту модараш бошад, ҳар рӯз дар даст солярка ба пушти дари Фарида рафта, роҳ мепоид, то духтарашро дар ҳамонҷо оташ зада, худро аз шармандагӣ халос кунад. Аммо на волидони Фарида ва на каси дигар ягон кор карда натавонистанд.

Инак, 11 сол мешавад, ки Фарида ва Ромиз бо ҳам зиндагии хушбахтона доранду соҳиби 3 духтару 1 писар ҳастанд. Аммо то ҳол аз Фарҳод дарак нест. Волидайни Фарҳод кайҳо аз олам гузаштанд. Волидайни Фарида бошанд, бо мурури замон духтарашонро бахшиданду боз мисли пештара қабулаш карданд. Ҳоло дар гӯшаю хаёли Фарида ҳатто номи Фарҳод нест. Ӯ худро бо Ромиз хушбахт меҳисобад.

Азизони дилу дида, ба фикри шумо сабаби бародари шавҳарро интихоб намудани Фарида аз маҷбурӣ буд, беақлӣ ё фаромӯш кардани ғаму ғусса?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД