sebiston july new
ЗАҲРИ ПУШАЙМОНӢ қисми 1
1753

Зиндагии беранг

Касе мегӯяд, ки ишқ дар зиндагӣ ягон зарурият надораду ҷуфтҳои бе ишқ хонадор шуда ҳам хушбахтанд, сахт хато мекунанд. Ман дар оилае ба дунё омадаам, ки моро дар руҳияи урфу одату анъанаҳои миллӣ тарбия карданд. Падару модари ман одамони оддие ҳастанд, ки бо замин сару кор доштанд. Мо, чор писарро бо нони ҳалолу обилаи кафи даст тарбия карда, ба воя расонидаанд.

Мо, чор бародар ҳамаамон ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда, имрӯз ба миллати худ хизмати арзанда дорем. Ман духтури дандонам ва клиникаи шахсии худро дораму зиндагии шоиста, ду писар дорам, онҳо пайрави касби ман гаштаанд. Ростӣ, як ҳамсабақамро дӯст медоштам, вале модарам маро ба духтари хоҳараш хонадор намуд. Бояд бигӯям, ки ҳарчанд мо духтурем ва медонем, ки никоҳи хешутаборӣ чӣ оризаҳоро дар пай дорад, вале волидонам акаи калониямро ба духтари амакам, маро ба духтари холаам, додаронамро ба духтарони тағою аммаам хонадор намудаанд.

Шукри Худо, ки фарзандони мо солим ба дунё омадаанд. Ман ҷавони қоматбаланд будам, аммо духтархолаи пастқоматам, ки ҳусни казоӣ надошту ҳамагӣ то синфи нӯҳ хонда буд, насиби ман гашт. Ростӣ, ӯро дӯст намедоштам, вале оҳиста-оҳиста ба вай одат кардам ва тавлиди шоҳписаронам маро водор кард, ки аз ҳама айбҳои ҳамсарам чашм пӯшам. Ман модари фарзандонамро танқид карданӣ нестам, ӯ дар тозагиву пухтупазу тарбияи фарзандон ҳамто надорад, вале ман бо ӯ мавзӯи сӯҳбат намеёбам. Ман ба серкориям нигоҳ накарда, хеле сермутолиа ҳастам, хулоса оҳиста-оҳиста фаҳмидам, ки бояд занро дар сатҳи худат интихоб карда бигирӣ. Аммо бояд бигӯям, ки ин ҳама заррае муносибати маро бо занам бад накардааст.

Ишқи фейсбукӣ

Дар шабакаи фейсбук саҳифаи худро дорам ва он ҷо фаъол ҳастам. Боре дар як саҳифа сурати зани тарроҳеро дидам, ки хеле зебо буд. Ба вай дархости дӯстӣ фиристодам, қабул накард, баъди як моҳи интизориҳо оқибат навиштамаш, ки ман ҳаводори ҳунари тароҳии ӯ ҳастам, ҳарчанд ӯ либосҳои занона медӯхту ба намоиш мегузошт. Саидабону маро ба дӯстӣ қабул кард, чун ба саҳифааш сар задам, як ҷаҳон ғизои маънавӣ гирифтам.

Мо дӯстони хуб шудем ва соатҳо дар бори ин ё он асари хондаамон, шеъру адабиёт, таъриху санъати тарроҳӣ ҳарф мезадем. Ман ба ӯ ошиқ шудам, суратҳояш онқадар зебо буданд, ки ногуфтанӣ. Ман медонистам, ки бонувон метавонанд ба воситаи макияж худашонро маликаи зебоӣ кунанд ва мехостам чеҳраи аслии ӯро бубинам. Ҳарчанд ошиқи ақлу заковаташ будам, мехостам ӯ зебо ҳам бошад, медонистам, ки ӯ ба ман эҳсосе дорад, ҳарчанд инро пинҳон мекард. Як бегоҳӣ аз Саида хоҳиш кардам, ки ба ман занги видеоӣ кунад, ӯ гуфт, ки ман бо либосҳои хонагӣ ва мӯйҳои парешонам ва намехоҳам ту маро ин гуна бубинӣ, вале ман маҷбур кардам.

Дар экрани телефонам як зани оддӣ ба ман менигарист. Ростӣ, аз зебосанами суратҳо ягон асар набуд. Дигар бо ӯ гап назадам, зеро маъқулам нашуд, ӯ фақат як бор навишт, ки “ҳа, маъқул нашудам?!” Ҳамин тавр, дигар ёди ӯро накардам, боз пушти корҳо ва зиндагии камранги худ мегаштам, ман бо ӯ хеле меҳрубон будам, ҳарчанд медонистам ӯ ба ман сахт одат кардааст, дигар суроғаш накардам. Ёд дорам, ӯ ба ман аз никоҳи бебарораш бо як марди нашъаманд қиссаҳо карда буд, аз он мард ду духтар дошт, ки онҳо дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекарданд, вай бошад дар шаҳр танҳои танҳо буд. Зеро дар вақташ аз Самарқанди бостон бо ҷавони дӯстдоштааш ба кишвари мо омада будааст. Ман ӯро фаромӯш карда будам, вале…

Носир аз шаҳри Душанбе

 

Давом дорад...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД