Sebiston new 2024 october
ЗАҲРИ ПУШАЙМОНӢ қисми 2
1732

Худкардаро даво нест

Як ҳамсинфам мансабдори калон аст, гоҳ-гоҳе сари як пиёлаи чой бо ҳам мешинем. Зеро мо аз кӯдакӣ рафиқу ҳамсояву дӯст будем, ҳоло ҳам оилавӣ рафту омад дорем, гоҳе танҳо мемондем, ӯ низ аз камрангии зиндагияш шикоят мекард.

Мардон як рӯзи истироҳатии баҳор гуфт, ки “тайёриятро бин, моҳигирӣ меравем, лекин ман ҳамроҳ дорам, як дугона” ва хандид. Ман ҳайрон шудам, зеро Мардон занбоз набуд, ӯ дар миёни кӯҳсорони базеб дар лаби дарёчаи хурӯшоне бӯстонсаро дорад, ман бо мошини худам рафтам. Мардон бошад, бо ронандааш…

Чун ба назди бӯстонсаро расидам, дидам, ки мошини Мардон онҷост. Вориди ҳавлӣ гаштам, ронанда, ки ҷиянаш буд, рӯйи ҳавлиро тоза мекаду Мардон наменамуд. Аз Алӣ пурсидам, ки тағояш дар куҷост? Ӯ сӯйи дарёча ишора кард, ман рафтаму бо Мардон вохӯрӣ кардам, ҳарду хеле хапу хомӯш моҳидорӣ кардем, сатилчаи пур аз моҳиро Алӣ омада бурд ва мо ба ду қадаҳ майи сурхи хушбӯй рехта, кам-камак сӯҳбат кардем. Ӯ андешаманд гуфт:

-Носир, медонӣ ман шаш моҳ боз бо як зан шинос шудам ва дар ҳамин айёми пирӣ ошиқ шудам,- Бо ханда гуфтам, ки “ҷӯра, мо пир нестеме, нав шастсола шудем!”

Ӯ бо хандаи талх гуфт:

-Бону ҳам ҷавон нест, аммо ин гуна ишқ дар ягон гӯшаи олам мавҷуд нест! Ҳатто дар китобҳо нахондаам, ӯ ба ман нерӯву қудрат мебахшад…

Мо хеле сӯҳбат кардему баъд оҳиста-оҳиста ба ҳавлӣ баромадем, то моҳибирён хӯрем. Рӯйи кати таги чанори кӯҳансол дастархони пурнозу неъмате густурда шуда буд, ману Мардон ҷоми майи гулгунро ба сар кашидему аз моҳиҳои бирёни лазиз нӯши ҷон намудем.

Мардон каме сархуш шуду “Бону” гӯён, фарёд кард, ҳамин вақт дар дасташ як табақи калони чубӣ зани қоматбаланде ба назди мо омад, Бонуи Мардон Саидабонуи ман буд! Ҳамон Саидабонуе, ки як соли дароз ҳамроҳаш рӯзу шаб дар тамос будаму ошиқи зораш, зан маро шинохт, вале худашро ношинос гирифта, салом дод. Мардон ба ман нигариста гуфт:

-Носир, ана Бонуи ман, шинос шав! -Бону табақи пур аз оши туппаро назди мо гузошта, бо ханда гуфт, ки “алафҳои хушбӯйро дида, ҳаваси оши туппаам кард”. Он рӯз то бегоҳ мо се тан сӯҳбат кардем, аз ину он мегуфтему механдидем, вале дили ман сип-сиёҳ буд. Мардон ҳар гоҳе Бону барои коре равад, таърифи ӯро мекард. Бону сабзинаи қадбаланди ниҳоят зебо буд, мӯйҳои дарозашро болои сараш ҷамъ карда, либосҳои варзишии зебо ба бар дошт. Ман аз нав ошиқи ӯ гаштам, ӯ он қадар дилкашу ширин буд, ки ногуфтанӣ, Мардони ҷиддии оҳанинро ром кардан осон набуд.

Мо хона омадему тоқат накарда, ба Саидабону навиштам, ки “ман аз кардаам пушаймонам”. Ӯ дар ҷавоб навишт:

-Ту хуб кардӣ, ки аз зиндагии ман рафтӣ ва ман Мардонро ёфтам! Байни мо чизе набуд…

Хонандаҳои азиз, шояд ин қисса ҷолиб набошад, вале…Дарси ибрат аст, шояд нафаре бошад, ки аз он ибрат бигирад.

      Носир аз шаҳри Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД