sebiston july new
Зулайхо оид ба кӯдакиву асрори шуҳраташ гуфт
574

Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева дар як мусоҳибаи ихтисосӣ дар бораи рӯзҳои сахти кӯдакиаш гуфту сирри шӯҳраташро ифшо кард.

Сароянда қиссаашро аз душвор будани замони кӯдакиаш оғоз карда, гуфт чун дигар тифлон дар оғӯши гарму падару модар ба воя нарасидааст.

 

"Он вақте, ки кӯдакони ҳам синну соли ман дар оғӯши гарми падару модар ба воя мерасиданд, падарам аз мо хеле дур буданду модарамро низ кам медидем, чун аксари вақт дар кор буданду мардонавор заҳмат мекашинданд", - қисса кард Зулайхо.

Дар идомаи суҳбаташ сароянда гуфт, ба мисли кӯдакони дигар ба боғча нарафтааст, бо муҳаббати волидон мактабро сар накардааст, вале аз ҳамон айём дарси бузурги зиндагиро барои худ касб кардааст.

"Аз он замон медонистам, ки барои чизеро ба даст овардан бояд хеле талош кард ва зиндагиро муборизаву худро мубориз дарёфтам", - гуфт сароянда.

Сароянда ҳамчунин сирри муваффақ будани худро низ ифшо кард. Ба гуфти Зулайхо барои машҳур шудан заҳмат кашидан лозим аст. Дар баробари ин ӯ бовар дорад, ки орзуҳои бузургаш ӯро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расониданд.

Зулайхоро ҳамчун шогирди Манижа Давлатова мешиносанд ва ӯ ҳам инро эътироф дорад. Боре сароянда дар як навораш гуфта буд: "Сипоси хос ба Манижаҷони қалбам, устоди азизам иброз мекунам, ки то имрӯз ҳар ҷо кӣ будам ҳузури зебояшонро эҳсос мекунам ва ӯ ҳам ҳамеша дуру наздик канорам буду ҳаст".

Бояд гуфт, ки Зулайхо Маҳмадшоева дар оғози фаъолияти ҳунарияш ба Манижа пайравӣ мекард ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо эҷодиёти Манижаро месуруд. Ӯ зодаи ноҳияи Фархор буда, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Ба қавли баъзе аз дӯстонаш меҳри санъатро аз модараш гирифтааст, ки замоне раққоса буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД