arzon replenishment
Барон занашро талоқ доду аз Абдурозиқ ҷудо шуд?
17681

Барон ва Абдурзиқ- ин ду тан тавонистанд тамоми шабакаҳои иҷтимоиро ба по хезонанд. Ду-се сол қабл маҳз Барон дар симои ҷавони резаҷуссаи зарафшонӣ Абдурозиқ истеъдоди бузургеро пай бурда,шахсан худаш ба Панҷакенти бостонӣ сафар карда буд ва бо розигии волидонаш Абдурозиқро ба пойтахт оварда, бо мардуми ҳунарпарвари тоҷик ошно намуд.
Бо кӯмак ва дастгирии Барон Абдурозиқ тез-тез дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, дар як муддати кӯтоҳ чунон машҳур гашт, ки ҳатто ҳунармандони касбӣ чунин шӯҳрату маҳбубиятро фақат орзу карда метавонанд.
Абдурозиқи резаҷусса, ки ҷавони баркамоли 18-сола бошад ҳам, чеҳра ва қаду қоматаш ба кӯдаки тахминан 4-5сола монанд аст, бо шарофати истеъдоди худ ва бо кӯмаку дастгирии продюссераш Барон қуллаҳои баландро фатҳ намуда, натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар сар то сари ҷаҳон машҳур гашт. Чанде пеш дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабари соҳиби “Визаи тиллоӣ” гаштани ин ҳунарманди резаҷуссаи тоҷик паҳн гашта буд. Бо шарофати ин виза Абдурозиқ метавонад муддати 10- сол дар яке аз зебтарин шаҳрҳои ҷаҳон-Дубай, ки маркази фарҳанг ва тиҷорати ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, озодона зиндагӣ карда, бо фаълияти эҷодӣ машғул шавад, аммо...
Пас аз “Визаи тиллоӣ” гирифтани ӯ дар байни мардум миш-миш пайдо шуд, ки Абдурозиқ баъди машҳур шуданаш аз Барон рӯй гардонида, ҳамкориро бо прдюссераш ба пуррагӣ қатъ намудааст. Алатта пештар ҳам дар бораи ин ду чеҳраи шинохта овозаҳои зиёде паҳн гашта, ҳангомасозон миш-миш мекарданд, ки Барон аз ҳунари Абдурозиқ истифода мебарад, вале Барон ва Абдурзиқ бо дӯстии мустаҳками худ ба даҳони касоне, ки чунин гапҳои дуруғро паҳн мекарданд, мушти ноаён мезаданд, вале...
Ин дафъа ба Дубай танҳо сафар кардани Абдурозиқ болои оташи овозаҳо равған рехта, бисёриҳо бовар карданд, ки дар ҳақиқат аз байни ин ду ҳунарманди машҳур гурбаи сиёҳ гузаштааст, аммо...
Репери машҳури тоҷик Барон дар “сториз”-и худ ин овозаро рад карда, гуфтааст, ки сару садоҳо дар бораи он ки гӯё ӯ ва Абдурозиқ ҳамкориро бас карда бошанд, тамоман асос надоранд.
“Мо бо Абдурозиқ ҷудо нашудаем, балки бо Аморати Муттаҳидаи Араб шартномаи ҳамкорӣ дорем ва сари ҳар чанд вақт бояд ба Дубай сафар кунем. Аз сабабе, ки ман дар вилояти Суғд консерт доштам, Абдурозиқро танҳо равон кардам ва насиб бошад рӯзҳои наздик наздаш меравам”-мегӯяд Барон.
Дар мавриди набарди Абдурозиқ бо Хасбулло продюссераш гуфтааст, ки то ҳол дар ин самт аз ягон ҷониб қадами ҷиддӣ гузошта нашудааст ва овозаҳо дар бораи он ки гӯё ин набардро онҳо аллакай фурӯхтаанд, дурӯғи маҳзанд.
Вақтҳои охир дар байни мардум ҳамчунин овоза шуда буд, ки Барон аз ҳамсараш ҷудо шуда, талоқи занашро додааст. Дар ҷавоби ин савол Барон қасам хӯрдааст, ки бо ҳамсараш зиндагии хушбахтона дорад ва фикри ҷудо шуданро ягон бор ҳатто ба хаёли худ ҳам роҳ надодааст. Барон мегӯяд, миш-мишҳо дар бораи он ки вай зани нав гирифтааст, ҳақиқат надоранд.
“Қасам мехӯрам, ки оилаамро вайрон накардаам ва ба ҷуз занам бо каси дигар никоҳ набастаам”- мегӯяд репер ва продюссери шинохта.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД