formula55
10 –далели аҷиб дар бораи Соли нав
1164


Соли нав яке аз дӯстдоштатарин идҳо дар сайёраи Замин ба шумор рафта, халқу миллатҳои гуногуни оламро онро ба таври мухталиф ҷашн мегиранд.

Мо таҷлили соли нави мелодиро аз 31-декабр сар мекунем ва рассо соати 12.00 Соли Нав фаро мерасад, вале дар дунё халқҳое низ ҳастанд, ки соли навро дар моҳҳои апрел, май ва ҳатто октябру ноябр ҷашн мегиранд. Аз ҳамин хотир дар остонаи Соли Нав қарор додем дар бораи баъзе расму оинҳои аҷиби солинавӣ ба шумо маълумот диҳем.

1. Соли нав дар Австралия ба якуми январ ва дар Бирма ба якуми апрел рост меояд. Дар ин вақт, дар он ҷо ҳаво хеле гарм мешавад, аз ин рӯ қаҳрамонони асосии ид – Бобои Барфӣ ва Барфак тӯҳфаҳоро дар либосҳои шиноварӣ месупоранд. Дар Бирма одамон ба ҳамдигар об мепошанд.

2. Барои қабилаи эскимосҳо иди соли нав бо барфи аввал меояд. Фарқ надорад, ки кадом моҳ аст ва чандум аст, ҳамин, ки барфи аввал борид, эскимосҳо ба таҷлили соли нав сар мекунанд.

3. Арча зиёда аз 2 ҳазор сол аст, ки махсус барои иди Соли Нав оро дода мешавад. Аврупоиҳои қадим арчаи ҳамешасабзро рамзи ҳаёти нав ва нур ҳисобида ба шохаҳои он тӯҳфаҳои гуногунро меовехтанд. Аммо дар Русия ҳаёти арчаи солинавӣ он қадар рангин набуд. Онро дар асри 19 ва ибтидои асри 20, то соли 1918 мардуми рус хеле дӯст медоштанд ва ороиш медоданд, аммо болшевикон ин расмро манъ карданд, зеро он ба иди динӣ-таваллуди Исои Масеҳ алоқаманд буд. Дар СССР шурӯъ аз соли 1935 дар Соли Нав арчаро оро медодагӣ шуданд.

4. Зодрӯзи Бобои Барфӣ 18- ноябр аст. Тибқи ривоятҳо, маҳз дар ҳамин вақт ба зодгоҳи Бобои Барфӣ- Великий Устюг дар баробари барф зимистони ниҳоят шадид меояд.
5. Аввалин гулчанбарҳои солинавӣ дар Амрико дар рӯ ба рӯи Кохи Сафед соли 1895 гузошта шуда буданд. 6. Аввалин табрикномаи солинавӣ соли 1843 дар Лондон чоп шудааст.

7. Суруди дӯстдоштаи « В лесу родилась ёлочка» бори аввал соли 1903 дар маҷаллаи бачагонаи «Малютка» ҳамчун шеър нашр шудааст.

8. Одами барфӣ -Снеговик дар асри 19 пайдо шудааст, вале беш аз 100 сол гузашта бошад ҳам, то ба имрӯз сурати он заррае ҳам тағйир наёфтааст: сатил дар сар, сабзӣ ба ҷои бинӣ ва ҷорӯб дар даст.

9. Сарфи назар аз фаровонӣ дар мағозаҳо, хӯриши “Оливия” дар бисёр давлатҳо як атрибути тағйирнопазири солинавӣ боқӣ мондааст. Соли навро бе он тасаввур кардан ғайриимкон аст.

10. Филми Элдар Рязанов "Ирония судьбы или с легким паром" 34 сол инҷониб паиҳам дар экранҳои телевизион намоиш дода мешавад. Ин як анъанаи соли нави русӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД