toyota motors
10 соли зиндон барои марги аскарбача
163

Суди ҳарбии вилояти Хатлон афсари нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон Юсуф Мирзоевро дар марги сарбоз Шоҳдил Ҷӯразода гунаҳкор дониста, ба 10 соли зиндон маҳкум намудааст.

Марҳум Шоҳдил Ҷӯразода ҳамагӣ 20 сол дошта, моҳи апрели соли 2025 аз шаҳри Панҷакент ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб шуда, ҳашт моҳ дар қисми сарҳадии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хизмат кардааст, вале декабри соли 2025 ин аскарбача бе ному нишон гум мешавад ва ҷасадашро пас аз якуним моҳ аз дарёи Панҷ ёфтаанд.

Расонаҳо дар такя ба гуфтаҳои пайвандони сарбози ҷавонмарг навиштаанд, ки гӯё байни Шоҳдил ва сардори дидбонгоҳи сарҳадии “Шоҳон” Юсуф Мирзоев нофаҳмиҳо вуҷуд доштаанд.

Суд Юсуф Мирзоевро бо қисми 3-и моддаи 391-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст, гунаҳкор дониста, ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон намудааст, вале наздикони марҳум гуфтаанд, ки розӣ нестанд ва аз рӯйи ин ҳукм ба суди зинаи болоӣ шикоят хоҳанд бурд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД