Arzon april 2022
11-панди модар, ки духтарро дар ҳаёти оилавӣ хушбахт месозад
19.02.2022
ОИЛА
1114

 

Модарони тоҷик то метавонанд, ба духтаронашон тамоми ҳунарҳои занонаро меомӯзонанд.

Ба онҳо таъкид мекунанд, ки ба хизмати хусуру хушдоман ва пайвандони шавҳар ҳамеша тайёр бошанд, аммо аз одоби муносибат бо шавҳар ба эшон хеле кам мегӯянд. Фаромӯш набояд кард, ки асоси хушбахтии оила ин ҳамдигарфаҳмӣ дар байни зан ва мард аст. Ба хотири мустаҳкамии оилаҳо мо чанд насиҳати модари оқиларо ба духтар манзури шумо месозем.

 

1. Бо шавҳарат бо меҳрубонӣ ҳарф бизан, ба ҳикмати «Муҳаббати мард аз меъдааш оғоз меёбад» бовар макун. Мардон низ мисли занон ба меҳрубонӣ, сухани ширин ва дастгирӣ ниёз доранд.

 

2. Агар ба шавҳарат гапи муҳиме дорӣ, онро ҳаргиз аз дар даромадан замон ё дар сари дастархон сар накун, бигузор хастагияш каме барояд ва баъд ба сухан сар намо.

 

3. Хашматро фурӯ бар, зани бонаҷобат ҳаргиз хашму ашку малолияшро ба атрофиён нишон намедиҳад, ҳар чиз ҷойи худро дорад.

 

4. Ҳамеша тозаю озода бош ва манзилатро низ доим тамиз намо, ҳамсар бар назари мард бояд намои покизагӣ, гармӣ ва латофат бошад.

 

5. Зан бояд ҳангоми тангдастии ҳамсараш сабру ќаноатро пеша намояд, мард ин амали шоистаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намхоҳад кард.

 

6. Чун дар бораи шавҳарат аз бегонае ҳарфи бад мешунавӣ, зуд бовар макун, санҷида амал кардан хоси зани хуб аст.

 

7. Ҳеҷ гоҳ ба шавҳарат дурӯғ магӯ, кучактарин дурӯғ ҳам агар фош шавад, бовариро мекоҳонад. Боварӣ чун риштаи нозуке аст, ки чун канда шуд, барќарор намудани он ғайриимкон аст.

 

8. Ба шавҳарат меҳрубониро арзонӣ дор, норасоии меҳру муҳаббат мардро бадгард мекунад. Ӯ ин холигиро ҷойи дигар пур мекунад ва меҳрро аз зани дигар меҷӯяд.

 

9. Дар дунё занони безеб аслан вуҷуд надоранд, аммо заноне, ки ба худашон аҳмият намедиҳанд, хеле зиёд ҳастанд. Аз шумори онҳо мабош! Барои сайќали ҳусни худодод кушиш намо, мардон зебоиро дӯст медоранд.

 

10. Рашки беасос, мисли дуди сиёҳест, ки ба хонае ворид шавад, он хонаро вайрона мекунад. Рашкро ба сарои дилат роҳ мадеҳ, ҳам худат ва ҳам шавҳаратро дар азоб намон. Беҳтараш рисолати бонувонаатро ба ҷо биёр, то шавҳарат ҳар бегоҳ чун ба идгоҳе ба сӯйи манзилатон шитобад.

 

11. Хушбахтии мо дар дасти худи мост, пас ќалъаи хушбахтиятро бо дастони худат бисоз!

                                                                                     Нисо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД