sebiston july new
20-нишонаи занбозии мард
15914


Мардони хиёнаткор фикру андешаи якхела доранд. Барои он ки «на сих сӯзаду на кабоб» онҳо лаълро ба даст оварда, ҳамзамон дили ёрашонро ранҷондан намехоҳанд.

Марде ки аз занаш ҷудо шудан хоҳад, бе ягон андеша ин корро мекунад, вале марде, ки бо бонуи дигар танҳо ишқбозӣ карданист, ҳеҷ гоҳ аз баҳри оилааш намегузарад. Мардони маъшуқабоз барои оилавайрон нашудан ва наранҷонидани маъшуқаашон фиребро ба кор мебаранд. Инак, ибораҳои маъмулие, ки марди хиёнаткор истифода мебарад:

1. «Ту ба ман хиёнат мекунӣ?»
Мард рашки худро нишон дода, шуморо гунаҳкор кардан мехоҳад, ҳол он ки мақсадаш маъшуқабозии худро пинҳон кардан асту халос. Дар ин ҳолат зан сарҳисоби корашро гум карда, тамоми қувваташро барои исбот намудани муҳаббати худ сарф месозад ва вақте намеёбад, ки аз паси шавҳараш назорат бурда, хиёнат кардани ӯро фош созад.

2. «Дилам аз ту мондааст»
«Дилам аз ту мондааст» гуфта, мард гуноҳашро ба сари шумо бор кардан мехоҳад. Ӯ шуморо гунаҳкор месозад, ки қабл аз тӯй ё солҳои аввали хонадорӣ тамоман дигар будеду акнун симои аслии худро нишон дода истодаед. Дар ин ҳолат зан худро гунаҳкор шуморида, аз сабабҳои асосии чунин рафтори мард бехабар мемонад.

3. «Либосамро худам мешӯям»
Дидани он ки мард либосашро худаш мешӯяд, барои аксари бонувон хуш меояд, вале мардакатон дар умраш ин корро накарда бошаду якбора ҷомашӯӣ кунад, донед, ки ӯ чизеро пинҳон кардан мехоҳад.

4. «Корам зиёд аст»
Аз рӯзи аввал шавҳаратон меҳнативу серкор бошад, аз кор дер ба хона омаданаш боке надорад, вале вақтҳои охир якбора «серкор» шуда, ба хона дер меомадагӣ шуда бошад, рафтори ӯро зери назорат бигиред. Аз эҳтимол дур нест, ки сабаби «серкор» шудани шавҳаратон ягон зебосанами фатиламӯй бошад.

5. «Бовар надорам»
Вақте мардакатон «ту ба ман бовар надорӣ ва нобоварии ту ба решаи бахтамон табар мезанад » мегӯяд, ҷиддӣ андеша намоед, зеро муносибатҳоро бевафоӣ вайрон месозад, на нобоварӣ.

6. «Ту ҳама чизро мебофӣ»
Ба шавҳаратон имкон надиҳед, ки шуморо дар гапбофиву гапсозӣ мутаҳҳам намояд, чунки ин як роҳи аз худ дифоъ намудани марди хиёнаткор аст.

7. «Мо фақат дӯстем»
Рафту бо зане муносибаташро фаҳмида ҷанҷол бардореду шавҳаратон ӯро дӯсти худ нишон додан хоҳад, талаб намоед, ки гуфтаашро исбот намояд, зеро дӯстии беғаразона байни зан ва мард қариб, ки номумкин аст.


Падару модарашро асосан ӯ нигоҳубин мекард. Духтарашон низ гоҳ-гоҳ ба вёдат омада, кам-кам ёрӣ мерасонд.



8. «Ин танҳо ҳавову ҳавас буд»
Мардакатон ҳангоми хиёнат кардан ба чанги шумо афтида, инро танҳо ҳаваси лаҳзаина номад, ба тавбаю зориҳояш фирефта нашавед. Фаромӯш насозед, ки хиёнат аз ҳавову ҳавас сар мезанад.

9. «Ҳанӯз ҳам туро дӯст медорам»
Ба ин гапи мард бовар кунед. Баъди он ки мард хиёнат мекунад, ба зани вафодораш бештар дил мебандад.

10. «Туро ранҷондан намехостам »
Ин гапи мард ҳақиқат дорад. Хиёнаткорон лаҳзаи ишқварзӣ одаму оламро фаромӯш мекунанд. Дар ин лаҳзаҳо мард танҳо ба айши пургуноҳ дода мешавад ва тамоман андешаи онро, ки бо фаҳмидани хиёнати ӯ ҳоли занаш чӣ мешавад, дар сар надорад, вале баъди он ки кор аз кор гузашт, аз кардааш пушаймон мешавад.

11. «Туро аз даст додан намехоҳам»
Мард гумон ҳам намекунад, ки маъшуқабозияш боиси аз даст рафтани модари фарзандонаш мешавад. Аз ин лиҳоз, бо кадом роҳе ки набошад, гуноҳашро дар назди шумо шустан мехоҳад.

12. «Маъшуқа барои дӯстдорӣ нест»
Аксари мардоне, ки девонавор ба оғӯши зани дигар медароянд, аслан фикри ишқу муҳаббатро дар сар надоранд. Марди хиёнаткор танҳо мехоҳад бо лӯхтаки зебои зинда бозӣ карда, лаҳзае аз тамоми ташвишҳо осояд.

13. «Гумроҳ будам»
Шояд марди шумо зери таъсири машрубот ба бистари зани дигар даромада бошад, вале ин чиз наметавонад гуноҳи ӯро бишӯяд.

14. «Ин танҳо як маротиба буд»
Яке аз ибораҳои маъмулии хиёнаткорон ҳамин аст. Бо ин гапаш мард мехоҳад исбот намояд, ки қаблан ӯ ҳеҷ гоҳ хиёнат накарда буд ва минбаъд низ ба ин кор даст намезанад. Аслан нафаре, ки дар ҳақиқат як маротиба хиёнат кардаву пушаймон шудааст, дарҳол иқрор мешавад, зеро виҷдонаш ӯро азоб медиҳад.

15. «Дигар такрор намешавад»
Ваъда додан осон аст, вале боварии инсонро баргардонидан кори саҳл нест.

16. «Маъшуқаамро намешинохтам»
Мардҳо намехоҳанд, ки шахсияти маъшуқаашон фош гардад. Барои зан ин чиз набояд муҳим бошад. Муҳим он аст, ки вай ба ишқу муҳаббати шумо хиёнат кардааст. Шавҳараатон метавонист бо бонуи дигар низ ишқварзӣ кунад.

17. «Ту ҷогаҳгурез ҳастӣ»
Шояд дар ҳақиқат шумо аксаран бо баҳонаи дарди сар ё хастагӣ аз ҳамхобагӣ бо шавҳаратон рӯ метофтед, вале мушкили ҳаёти маҳрамона барои ба хиёнат роҳ додани мард сабаб шуда наметавонад.

18. «Маро ҷоду карданд»
Агар дар ҳақиқат марди шуморо ҷоду карда бошанд, чаро ӯ дар ин бора ба шумо хабар надодааст, то ки якҷоя роҳи ҳалли масъаларо пайдо намоед?

19. «Ту воҳима мекунӣ»
Вақте зан мардашро ҳангоми хиёнат меқапад, воҳима карданаш шарт ва зарур аст.

20. «Ман тағйир ёфтам »
Бевафоӣ—мисоли бадмастӣ аст, вақту қувваи кофӣ лозим аст, ки инсон аз ин одати бахтшикан рӯ гардонида тавонад. Дарҳол баъди чанд рӯз ман тағйир ёфтам гуфтани мард танҳо як роҳи худро сафед кардан асту халос.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД