sebiston july new
Марди латта занро хушбахт месозад ё бадбахт?
15413


Мадро сутуни хонадон номида, ҷуръату матонаташро ҳамеша васф менамоянд.

Мард бояд иродаи қавӣ, хиради бузург, дасти босаховат ва рӯҳи шикастнопазир дошта бошад. Мутаассифона, баъзе мардони ноӯҳдабарою муғамбире ҳастанед, ки гапашон ба банди туфлиашон ҳам мегузарад. Ин тоифаи мардонро мардум “марди латта”мегӯянд.

Бо ин суол мо ба чанд нафар муроҷиат намудем.


Барнои Каромат:
Хурӯс ҳам мард аст…
Воқеан ин мавзӯъ ҳузнангезу дардовар аст, зеро кам нестанд мардони бенангу беномусе, ки кунҷи хона мешинанду бори гарони зиндагиро ба дӯши зан мепартоянд. Аслан, ин гуна мардонро мард гуфтан хатост, чунки вазифаи худро на аз нигоҳи динӣ ва на аз нигоҳи одамгарӣ иҷро намекунанд.


Худоро зориву тавалло намудам, ки ҷони маро ҳам гирад, то маро ҳамроҳи Хусрави азизам ба хок супоранд, аммо гиряҳои зорам раҳми парвардигорро наоварданд.



Мард ба дунё омадан ҳанӯз маънои мард буданро надорад, мебахшеду агар гап танҳо дар ҷинс бошад, хурӯс ҳам мард аст!
Вазифаи шавҳар таъмини зану фарзандон аст. Дар сурати ба сомон нарасонидани ин вазифа, мард барои зан дарди сар мегардад. Шахсан ман шавҳар доштан мехоҳам, на дарди сар!


Робияи Мирзо:
Меҳрубонӣ нишони латтамардӣ нест
Шавҳарам нисбати ману фарзандонаш меҳрубон асту ҳаргиз озорамон намедиҳад. Дигарон муносибати ҳамсари маро дида, ӯро занкалон ва ё латтамард мегӯянд. Ман ба чунин баҳогузорӣ ҳаргиз розӣ нестам, чунки меҳрубонии шавҳарам нишони латтамардӣ набуда, аз марди ҳақиқӣ будани он кас далолат медиҳад.


Гулдастаи Шариф:
Аз шӯйи латта доштан бева будан беҳтар аст!
Имрӯзҳо тақрибан 80 фисади савдогарони бозорро занҳо ташкил медиҳанд. Фикр мекунед, ки ҳамаи онҳо бевазананд? 50 фоизашон соҳиби шавҳар ва хонаву дари ободанд, лекин шавҳаронашон латтамарданду қудрати пеш бурдани зиндагиро надоранд. Ин занҳои бечора маҷбур шуда, бозоршинӣ мекунанду фарзандонашонро аз гуруснагию луч мондан наҷот медиҳанд. Худатон андеша намоед, аз чунин шавҳар чӣ фоида? Ин хел шавҳара доштан бева будан сад бор беҳтар аст, чунки ба умеди касе нашуда, аз паси зиндагиат мешавӣ.


Лола Раҳимова:
Мардро сиёсаташ мард мекунад
Сиёсат доштани мард дар хона ҳатмист ва маҳз ҳамин чиз мавқеи мардро назди зану фарзанд баланд мебардорад. Марде, ки сиёсат надорад, аз касе эҳтиром дида наметавонад, зеро мавқеи худро аллакай гум кардааст. Ин гуна мардро латтамард гуфтан гуноҳ нест.

Дилрабои Одил:
Зурӣ нишони мардӣ нест
Як тоифаи мардон марди ҳақиқӣ будани худро исбот карданӣ шуда, ба сари зан даст мебадоранд. Ба андешаи ман маҳз ҳамин хел мардҳо латтамард ҳастанд, чунки марди ҳақиқӣ ҳаргиз бо зан сар ба сар намешавад. Марди асил бояд такягоҳи зан бошад, на он ки ӯро ранҷу озор диҳад.

Фарзона Маҳмадиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД